Ожонси зидди фасод алайҳи мақомдорони вазоратҳои маориф ва адлия парванда кушод

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи мақомдорони Вазорати маориф ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, айбдоршавандаҳо - Шарипова Мадина Пирмаҳмадовна, назоратчӣ-прапоршики бригадаи 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва Раҷабалӣ Сангов, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи ва илми Тоҷикистон мебошанд, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешаванд.

Ҷаласаи тантанавӣ дар Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон бахшида ба Истиқлоли давлатӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Генерал Султонзода дастовардҳои Ожонси мубориза бо фасодро қаноатбахш хонд

Бар асоси иттилоияи нашркардаи Ожонс, Мадина Шарипова, ки ҳамчун назоратчӣ-прапоршики бригадаи 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон кор мекардааст, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Матлуба Ахмедова ва сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқию котиботи Вазорати маорифи ва илм аз шаҳрванд “А” 1500 доллари амрикоӣ гирифта, байни худ тақсим намудаанд.

Ожонс тавзеҳ дод, ки гумонбаршавандаҳо тахминан моҳҳои январ-марти соли 2019 аз шаҳрванд “А” барои ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барқарор намуданаш маблағи 1500 доллари ИМА талаб карда, гирифтаанд.

“Дар натиҷаи ин кирдори номбурдагон ба шаҳрванд “А” зарари калони моддӣ расонида шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи мансабдор ва миёнарав дар Душанбе барои пулгирӣ

Ожонс таъкид намуд, ки аз рӯи ин ҳолат нисбати Шарипова, Ахмедова ва Сангов бар асоси моддаи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Феълан назари афроде, ки Ожонс онҳоро дар қаллобӣ муттаҳам мекунад, дар бораи ин қазия маълум нест.  

Лентаи хабарҳо
0