ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Андрей Малахов, муҷрии барномаи "Прямой эфир" пас аз баланд шудани сару садоҳо дар мавриди он, ки дар рафти яке аз барномаҳояш ба иззати нафси шаҳрвандони Қирғизистон расидаст, расман аз онҳо пузиш пурсидаст, хабар медиҳад Lenta.ru
Бар хабари манбаъ, Малахов ҳинни узрпурсӣ дигарбора таъйид намуд, ки ҳадафи паст задан ва ё таҳқир кардани шаҳрвандони Қирғизистонро надошт.
Бо вуҷуди ин Малахов аз номи тамоми кормандони идора ва шахсан аз номи худ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо забони худи онҳо "кечирип коюнуздар" узр пурсидаст.
Маврид ба зикр аст, ки пас аз пахш гардидани барномаи Малахов, ки дар он қазияи ҳалокат писари як миллионери рус бо айби муҳоҷири қирғиз, баррасӣ мешуд, Сафорати Қирғизистон сафири Русия дар кишварашро даъват намуданд.
Малахов: маро нодуруст фаҳмиданд, ҳадафам танҳо дилбардории модари ҷигарсӯхта буд
Сафорат талаб дошт, то Малахав барои ҳарфҳои носозгораш, ки дар ҳаққи шаҳрвандони қирғиз, дар рафти барномааш гуфта буд, расман узр пурсад.