Заҳролудшавии навбатии толибилмон пас аз истеъмоли хӯрок дар мактаб

CC0 / Pixabay / Капельница в палате пациента, архивное фото
Капельница в палате пациента, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дақиқан, бо гузашти чанд соат аз тановули ғизо дар ошхонаи мактаб, ҳамаи хонандагон бо аломати заҳролоудшавӣ ба бемористон интиқол ёфтанд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар Узбакистон боз заҳролудшавии кӯдакони мактабхон рух додаст.

Ин навбат толибилмон дар мактаби хусусии Zahiriddin Muhammad Bobur Universal Academy дар Андиҷон заҳролуд гардиданд, хабар медиҳад Вазорати маорифи ин кишвар.

"Санаи 30- юми сентябр дар ошхонаи мактаб, ки ба ҶДММ "Юсуф ширин мазали нонлари" таалkуқ дорад, наздики 217 хонанда ва 19 корманди дабистон хӯроки нисфирӯзӣ истеъмол намуданд, ки дар натиҷа ҳамаи онҳоро бо аломати заҳролудшавӣ ба бемористон интиқол доданд", гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Гуфта мешавад, феълан дар се бемористони Андиҷон дасти кам 82 хонанда, 3 омӯзгор ва 4 нафар аз кормандони дигари мактаб таҳти назорати табибон қарор доранд.

Машина скорой помощи в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Дар Узбакистон 11 кӯдакро пас аз заҳролудшавӣ дар боғча ба бемористон интиқол доданд

Бар хабари пизишкони яке аз бемористонҳо, вазъи саломатии се тан аз заҳролудшудаҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 27 - уми сентябри соли равон бар асари заҳролудшавӣ дар яке аз боғчаҳои кӯдаконаи Бекобод наздики 19 нафар аз дастпарварони боғча  ба беморхона интиқол ёфтанд.

Шарҳи мақомоти тоҷик дар бораи заҳролудшавии маргбори муҳоҷирон

Натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки омили асосии рух додани ҳолатҳои заҳролудшавии толибилмон ин риоя нашудани меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ дар мактабу боғча арзёбӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0