Дар Узбакистон 11 кӯдакро пас аз заҳролудшавӣ дар боғча ба бемористон интиқол доданд

Обуна шудан
Дар вилояти Тошканди Узбакистон дасти кам 11 кӯдак пас аз истеъмоли хӯрок дар яке аз боғчаҳои Бекобод заҳролуд шуданд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ба иттилои маъмурияти Бекободи вилояти Тошканд, дастпарварони яке аз  боғчаҳои кӯдаконаи ин минтақа  пас аз истеъмоли хӯрок заҳролуд шуданд.

Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи мақомоти тоҷик дар бораи заҳролудшавии маргбори муҳоҷирон

Ба иттилои манбаъ, пас аз ин ҳодиса ба бемористон дасти кам 11 кӯдак бо аломатҳои заҳролудшавӣ интиқол ёфтанд.

Дар Қазоқистон беш аз даҳҳо нафар заҳролуд шуданд

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз аснои ношто дар яке аз боғчаҳои кӯдаконаи Бекобод аҳволи ду кӯдак бад шуд. Пас аз муоинаи табибон маълум гардид, ки онҳо бар асари истеъмоли хӯрок заҳролуд шуданд. Пизишкон баъд аз  муоинаи кӯдакони дигар аломати заҳролудшавиро дар 9 ноболиғи дигар пайдо карданд.

ВУД Узбакистон ҳалокати як нафар аз муҳоҷирони заҳролудшуда дар Самараро таъйид намуд

Зимнан, гуфта мешавад, ки ҳамаи 11 кӯдак феълан дар бемористон қарор доранд. Алайҳи ҳодисаи мазкур кормандони умури дохила тафтишот бурда истодаанд, изҳор намуданд маъмурияти вилояти мазур.

Лентаи хабарҳо
0