Дастаи “Истиқлол” чемпиони ҳашткаратаи Тоҷикистон шуд

© Sputnik / Амир Исаев"Истиклол" - "Регар-ТадАЗ"
Истиклол - Регар-ТадАЗ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи футболи Истиқлоли шаҳри Душанбе бори ҳаштум ғолиби Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ гардид

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дастаи футболи “Истиқлол” дар бозии марказии даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ тими “Куктош”-ро бар ҳисоби 6:1 шикаст дода, қабл аз муҳлат чемпиониро ба даст овард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозии тими Истиқлол бо дастаи филиппинӣ - Sputnik Тоҷикистон
"Истиқлол" дастаи "Помир"-ро бо ҳисоби калон мағлуб намуд

Манбаъ қайд намудааст, ки дастаи шаҳри Душанбе дар таърихи мавҷудияташ маротибаи ҳаштум чемпиони Тоҷикистон шудааст.

Дастаи “Истиқлол” қаблан солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017 ва 2018 Чемпиони кишвар шуда буд.

Аз ҳисоби ба даст овардани медалҳои тилло “Истиқлол” дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро пушти сар гузошта серҷоизатарин дастаи Тоҷикистон гардид.

Дар бозӣ миёни дастаҳои “Куктош” бо “Истиқлол” дар ҳайати тими ғолиб Шериддин Бобоев 3 гол, Алишер Ҷалилов 2 гол, Эҳсони Панҷшанбе 1 гол заданд. Голи дастаи ноҳияи Рӯдакиро Отабек Каримов ба ҳадаф расонд.

Лентаи хабарҳо
0