ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дирӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии мавқуфмондаи даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ- "Истиқлол"- и Душанбе ва КМВА "Помир"-и Душанбе баргузор гардид.
Бозӣ бо ҳисоби калони 3:0 ба нафъи дастаи "Истиқлол" хотима ёфт.
Тибқи иттилои манбаъ, ин нахустин бозии дастаи"Истиқлол" пас аз барканории Ҳаким Фузайлов маҳсуб меёбад. Ҳисобро дар даққиқаи 28-ум Амирбек Ҷӯрабоев боз кард. Голи навбатиро Шериддин Бобоев дар поёни нимаи аввал ба дарвозаи рақиб зад.
Сабқат барои Ҷоми конфедератсияи Осиё: “Хуҷанд” тими “Истиқлол”-ро шикаст дод
Ҳамлагар Шаҳром Самиев баъди аз танаффус ба майдони бозӣ омадан дар дақиқаи 79-ум голи сеюмро ба ҳадаф расонд. Ҳамин тавр, дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанбе бо касби 25 хол пешсафи ягона дар ҷадвали мусобиқа шуд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанбе баъди чанд рӯзи дигар бозии дигари мавқуфмондаро бо дастаи "Панҷшер"-и Ҷалолиддини Балхӣ барпо хоҳад кард.