Сӯхтори мудҳиш дар сохтмони истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе - видео

Обуна шудан
Дар интернет наворе паҳн шудааст, ки дар он сӯхтори мудҳише, ки дар яке аз манзилҳо дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст дарҷ гардидааст

Дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе шоми 29 сентябр дар яке аз манзилҳои сохтмони 5-ошёна сӯхтор ба амал омад. Навори ҳодисаи мазкур дар интернет паҳн шудааст.

Тушение пожара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маҷмааи "Истиқлол"-и Хуҷанд пас аз сӯхтор: сабаби эҳтимолӣ маълум шуд - акс

Таркиш дар тарабхонаи “Шоми Қалъа” : 10 нафар ҷароҳат бардоштанд

Бино ба маълуоти пешакӣ сӯхтор дар ошёнаи сеюм сар зада ба ошёнаи боло гузаштааст.

Аз навор дида мешавад, ки мардуми зиёде гирди бинои сӯхтаистода ҷамъ омадааст. Миёни онҳо аксаран кӯдакон ва занон мушоҳида мешаванд.

Ҳамчунин дар навор ду мошини оташхомӯшкунӣ дида мешавад, ки барои наҷоити молу ҷони мардум шитофта оташро хомӯш мекунанд.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, сӯхтор дар паи расиши кӯтоҳи ноқилҳо ба вуқӯъ пайвастааст. То ҳол мақомот расман дар ин бора хабар надодааст.
Яке аз корбарони шабакаи Facebook акси ҳодисаро дар саҳифааш нашр карда, мардумро ба эҳтиёткорӣ даъват намудааст.
Лентаи хабарҳо
0