Маҷмааи "Истиқлол"-и Хуҷанд пас аз сӯхтор: сабаби эҳтимолӣ маълум шуд - акс

© Пресс-служба МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкТушение пожара, архивное фото
Тушение пожара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд сабаби эҳтимолии сӯхторро гуфтанд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Рӯзи 15 июл дар Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд сӯхтор сар зад. Намояндагони дахлдор ба мақсади арзёбии хисорот дари макони сайёҳиро муҳр заданд ва акнун гардишгарони дохилию хориҷӣ наметавонанд шаҳри Хуҷандро аз баландӣ тамошо кунанд.

© ©SputnikОпечатанные двери в башню независимости в Худжанде
Маҷмааи Истиқлол-и Хуҷанд пас аз сӯхтор: сабаби эҳтимолӣ маълум шуд - акс - Sputnik Тоҷикистон
Опечатанные двери в башню независимости в Худжанде

Сӯхтор дар маҷмааи таърихии "истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд

Кормандони Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд аз қавли оташнишонон, сабаби эҳтимолии сӯхторро гуфтанд.

"Оташнишонон гуфтанд, ки эҳтимолан сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар ҷаъбаи тақсими барқ шудааст", - гуфт яке аз посбонони маҷмаа дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ва афзуд, ки эҳтимолан ҳарорати баланди ҳаво ноқилҳоро ба сӯхтор муъҷиб кард чун ҳарорати ҳаво, рӯзи 15 июл, дар вилояти Суғд аз 36 то 45 дараҷа буд.

Бино ба иттилои намояндаи мудири қисми хоҷагидории маҷмаа, хушбахтона дар паи сӯхтор касе осеб надидааст.

Навори сӯхтор дар маҷмааи таърихии "истиқлол"-и Хуҷанд

Сӯхтор дар баландии тақрибан 50 метр ба вуқӯъ омада, тақрибан ду метри мураббаъро фаро гирифтааст. Аз сӯхтор сайёҳе, ки ба тамошои маҷмаа омада буд, хабар дод. Пас аз сӯхтор баъзе аз шишаҳои қисми болоии маҷмаа хароб шудааст.

© © SputnikРазбитые стекла в дверях башни независимости, в Худжанде
Маҷмааи Истиқлол-и Хуҷанд пас аз сӯхтор: сабаби эҳтимолӣ маълум шуд - акс - Sputnik Тоҷикистон
Разбитые стекла в дверях башни независимости, в Худжанде

Ба гуфти посбони маҷмаа, сӯхтор тақрибан соати 15:00 сар заду, пас аз расидани кормандони Хадамоти оташнишонӣ ба зудӣ хомӯш карда шуд, вале айни замон даромад ба макони тамошо манъ аст.

"Кормандони дахлдор дари маҷмааро муҳр заданд", - афзуд манбаъ.

Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии Суғд то ҳол, сӯхтор дар маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол"-ро шарҳ надодааст.

Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол" аз 7 сутун, тоҷ ва ҳафт ситора иборат мебошад.

Ин маҷмаа моҳи сентябри соли 2016, дар соҳили рости дарёи Сир ба шарафи солгарди 25-уми Истиқлоли Тоҷикистон пардабардорӣ шуда буд ва дар байни сокинон бо номи “Тоҷ” маъруф аст.

Лентаи хабарҳо
0