Соҳибкор аз ҳисоби худ дар Ашт бо арзиши наздик ба 9 миллион сомонӣ мактаб месозад

Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар сафари кориаш ба ноҳияи Ашт ба Ҷамоати деҳоти Понғоз рафта, аз рафти сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и ноҳия ошно шуд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik.Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 дар Ҷамоати деҳоти Понғоз ноҳияи Ашт бо ташаббуси соҳибкор Бахтиёр Мақсудҷонов сохта мешавад,иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Рустам Эмомали открыл строительство Дворец счастья в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода дар Душанбе мактаб месозад

Арзиши лоиҳавии бинои муассисаи таълимӣ 9 900 000 сомониро ташкил дода, дорои 26 синфхона ва толори варзишӣ бо 150 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд.

Ҳамзамон раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ошоба бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” ва ҶДММ “Моҳи сабр” шинос шуд.

Хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” дорои 12 гектар замин буда, дар он навъҳои кишмиш, ҳусайнӣ, шоҳона ва тоифӣ парвариш карда мешавад.

Дар ҶДММ “Моҳи сабр” раиси вилояти Суғд аз ҳавзҳои моҳипарварии дидан кард. “Моҳи сабр” парвариши моҳиро дар 44,54 гектар ташкил намуда, дар он навъҳои пешонағафс, зағирамоҳӣ ва амури сафед парвариш карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0