ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва мақомоти шаҳри Ҳисор бахшида ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони "Бозори ҳунармандон" доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Бино ба гузориши манбаъ, дар намоиши мазкур роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Варзоб, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ ва сокинони фаъоли минтақа ширкат кардаанд.
Гуфта мешавад, ки иштирокчиёну меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор дидан карда, гурӯҳҳои ҳунарӣ оид ба таърихи Ҳисор намоиши 15-дақиқагӣ омода ва пешниҳод намуданд. Чунин намоишҳо минбаъд низ барои сайёҳоне, ки ба ин макон ташриф меоранд, ба хотири аз наздик ошно шудан бо ин мавзеи таърихӣ ба маъраз гузошта мешаванд.
Дар маросими кушодавии намоишгоҳ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки мақсад аз ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ дар Қалъаи Ҳисор, ки ҳамчун мавзеи сайёҳӣ маъмулу машҳур аст, пеш аз ҳама, муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон ба фурӯш баровардани маҳсулоти ҳунари дастии ҳунармандон мебошад.
"Бозори намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ минбаъд низ бо ҷалби ҳунармандон рӯзҳои якшанбе гузаронида мешавад", - омадааст дар хабарнома.
Қобили зикр аст, ки мавқеи ҷуғрофии шаҳри Ҳисор, фазои мусоиди экологӣ ва иншооти соҳа, аз қабили мамнўъгоҳи "Қалъаи Ҳисор!", осоишгоҳҳои "Шоҳамбарӣ" ва "Сатурн", мамнуъгоҳи таърихию мадании Ҳисор барои рушди сайёҳӣ иқтидори воқеӣ дорад.
Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор рафта, аз қадимулайём бо обу ҳавои латифу мусоид, кӯҳҳои пурфайз, дарёҳои сероб, заминҳои зархез ва ёдгориҳои таърихӣ диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамуд.
"Ҳисор" дар луғатҳои тафсирӣ ба маъниҳои иҳоташуда, қалъа, ҷои мустаҳкам, девори даври қалъа омадааст. Мафҳуми зеринро гирифтани ин водии зархез дар қалби қаторкӯҳҳо доман паҳн кардани он ва вуҷуд доштани қалъаи мустаҳкамро собит месозад. То асри XV ин диёри зархезро, ки қаламрави салтанатҳои гуногун буд, бештар бо номҳои "Шумон" ё "Шомон" ном мебурданд.
Ҳисор дар ҳама давраҳои таърих, аз давраи қадим то давраи асрҳои миёна ҳамчун шаҳри тараққикарда, маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва мадании водии Ҳисор ба шумор мерафт.
Ҳоло имкониятҳои сайёҳии шаҳр дар маводи тарғиботӣ-ташвиқотии соҳаи сайёҳӣ, ки аз тарафи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонида мешаванд, мунтазам инъикос шуда, ширкатҳои сайёҳии мамлакат низ ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тавассути пешкаш намудани хатсайрҳои нав ба шаҳри Ҳисор тариқи шаҳри Душанбе тадбирҳои судманд андешидаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2018 аз мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор 38 374 меҳмонону сайёҳон дидан намуданд, ки аз ин шумора 7983 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Қалъаи Ҳисор 27442 нафар меҳмонон аз дохилу хориҷи ҷумҳурӣ ташриф оварданд, ки аз ин шумора 6479 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.