ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи Ҳукумати маҳаллии ВМКБ иттилоъ дод, ки ҳадафи боздиди ноиби нахуствазир ва масъулини дигари ҳукуматӣ шиносоӣ бо нарху наво ва ҳолати санитарии бозори марказии шаҳри Хоруғ мебошад.
Ба иттилои Ниятбеков, ин боздид бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифта, ноиби нахуствазирро Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва генерал Абдураҳмон Аламшозода, ноиби аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намудаанд.
Ин сафари масъулин ба бозори Хоруғ дар ҳолест, ки ахиран Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар пайи таҳлили нархи бозорҳои кишвар гуфт, аксаран маводи ғизоии арзон дар вилояти Суғд ва гаронтарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд. Феълан маълум нест, ки боздиди ҳайати ҳукуматӣ чӣ таъсиру пайомаде барои нархгузориҳо дар бозорҳои ВМКБ дораду чӣ дастурҳои мушаххас дода шудаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Ҳукумат назорати нархи як қатор маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввалро таҳти назорат қарор додааст.