Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Ҳукумат: сабукӣ барои тавлиди “Мерседес”-ҳои “Made in Tajikistan”

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонФаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон
Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат барои бунёди корхонаи тавлиди мошинҳо дар шаҳри Душанбе сабукӣ дод. Қаблан хабар дода буданд, ки микроавтобусҳо дар оянда бо тамғаи "Мерседес" таҳти муҳри "Made in Tajikistan" ба бозор бароварда мешаванд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо намуд, молу маҳсулоте, ки аз ҷониби ширкати  "Акиа Авесто Автоматов Индастрӣ"  ва ҷамъияти "Сити Сервис Лтд" барои бунёди корхонаи истеҳсоли мошинҳои боркашу мусофирбар дар Душанбе ворид мешаванд, аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон барои истеҳсоли мошинҳои олмониву ҷопонӣ дар Тоҷикистон

Созишнома барои бунёди корхонаи истеҳсоли мошинҳои боркашу мусофирбар дар Душанбе миёни ширкати "Авесто Гуруҳ" ва ширкати туркии "Ulasira Ic Ve Dis Ticarel Anonim Sirketi" соли гузашта имзо шуда буд.

Қаблан Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар бораи ин корхона изҳор дошт, ки он бо харҷи 20 миллион доллари амрикоӣ сохта мешавад.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ иттилоъ дода буд, ки дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 автобус ва дар оянда тавлиди мошинҳои боркаши 3-8 тон ва микроавтобусҳо дар назар аст. 

Қадбаланд, даванда, забондон зери камера: қабул ба кор дар гумрук баъди интиқоди Раҳмон

Ҳамрализода таъкид намуда буд, ки мусофирбарҳои хурд бо тамғаи "Мерседес" таҳти муҳри "Made in Tajikistan" ба бозор бароварда мешаванд.

Деньги в чемодане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз 2 то 5 миллион: даромади кӣ бештар президент, сафир ё сарвазир?

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ахиран Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои навро муваззаф карда буд, ки бо ширкатҳои Олмону Ҷопон гуфтушунид карда, тавлиди мошинҳои сабукрави муосирро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд.

“Раҳбари давлат таъкид карданд, ки бо ширкатҳои Ҷопон ва Олмон истеҳсоли нақлиёти сабукравро ба баррасӣ гирем. Бале, мо яку якбора истеҳсоли онро ба роҳ монда наметавонем, аммо дар ҳамин ҷо васлу насб кардани қисмҳои эҳтиётии онҳоро мешавад ба роҳ монд, то як корхона ба вуҷуд ояд ва мардум ҳам ҷои кор пайдо кунанд. Ҷалбу ворид кардани чунин ширкатҳои калон як кори мушкил аст. Аммо ҳадди ақал як корхонаи васлу насб ва истеҳсоли нақлиёти сабукрав бояд бошад, зеро дар бозори мо талабот зиёд аст", - изҳор дошт Файзуллозода зимни нишасти ахири матбуотӣ.

Лентаи хабарҳо
0