Ҷузъиёти суҳбати вазирони тоҷику қирғиз дар “Чойхона”: Қирғизистон чиро иҷро накард?

© Фото : Мин.транспорта РТМинистр транспорта Худоёр Худоёров, архивное фото
Министр транспорта Худоёр Худоёров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тафсилоти суҳбати Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти кишварро бо ҳамтои қирғизистонияш Жанат Бейшанов дар мавзеи “Чойхона”-и роҳи Исфара – Ворух нашр карда, бандҳои риоянашуда аз ҷониби Қирғизистонро баён дошт

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат, мулоқоти мазкур, бо супориши Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон барои баррасии иҷрои сохтмони роҳҳо дар қитъаи Оқ-Сой-Тамдиқ ва Исфара – Ворух баргузор шуд.

Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон
Лавров дар бораи таниши тоҷикону қирғизҳо, нияти Русия ва нақшаи Аврупо

Манбаъ иттилоъ дод, ки зимни суҳбат ҷониби Тоҷикистон иҷрои протокол аз 17 марти соли 2019-ро талаб кард, ки тибқи он корҳои роҳсозӣ дар ҳар ду самт бояд якбора оғоз мегардид.

“Ҷониби Қирғизистон қайд намуд, ки корҳои роҳсозӣ дар ҳарду самт оғоз карда шудааст ва мумфаршкунӣ ҳоло муҳлат дорад ва омодаанд то охири соли равон ин корҳоро ба анҷом расонанд”, - омадааст иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки ҳангоми аз назар гузаронидани роҳи таворавии деҳаи Оқ-Сой маълум гардид, ки он то ҳол мумфарш карда нашудааст.

“Асоси роҳ ҳатто барои мумфаршкунӣ тайёр нест. Мутасаддиёни қирғиз ба вазири нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки асфалтхобонӣ дар роҳи мазкур аз охири моҳи сентябр оғоз мегардад”, - таъкид намуд манбаъ.

Бар асоси итилоия, аз ҷониби Қирғизистон барои бардоштани қисмати асоси  роҳ техникаҳои роҳсозӣ бо миқдори 1 автогрейдер, 1 экскаватор, 1 боркунаки фронталӣ ва 2 нақлиёти боркаши тамғаи Камаз  рӯзҳои наздик ҷалб карда шудаанд.

Ҳангоми шиносоии вазири нақлиёт бо рафти корҳои роҳсозӣ дар роҳи Оқ-Сой –Тамдиқ маълум гардид, ки роҳи мазкур чорвогузар набуда, балки тибқи категория Y-ум дар он сохтмон ба роҳ монда шуда дар қисмати боқимондаи он сохтмони иншооти сунъӣ ба назар мерасад.

“Ҳангоми гуфтушунид, намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи кории ин роҳро барои шиносоӣ талаб карданд, вале ҷониби Қирғизстон қайд намуданд, ки ин қитъаи роҳ баҳсӣ набуда, ҳудуди Қирғизистон аст ва пешниҳоди ягон ҳуҷҷат зарурат надорад”, - хабар дод Вазорати нақлиёт.

Местные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст

Гуруҳи кории Тоҷикистон бо ба инобат гирифтани гуфтаҳои боло пешниҳод намуд, ки бо сабаби он, ки қисмати роҳи таворавии Оқ-Сой дар роҳи автомобилгарди Исфара-Ворух, то ҳол мумфарш нашудааст, ҳамчунин  барои сари вақт иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби Қирғизистон, ҳамагуна корҳои сохтмонӣ дар қитъаи мазкур мавқуф гузошта шаванд, зеро дар он ҷо хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот бунёд гардида истодаанд.

Ҷониби Тоҷикистон таъкид намудааст, корҳои сохтмонӣ дар роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки онро чорвогузар мегӯянд ва бе мувофиқаи лоиҳаи корӣ идома дорад, то мувофиқаи лоиҳаи корӣ аз ҳар ду ҷониб қатъ карда шаванд. Илова шудаст, ки параметрҳои техникии он, тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа шаванд.

Вазорат таъкид кард, ки дар ин бора аз ҷониби ҳайти кории Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар гузориш пешниҳод гардида, Вазорати нақлиёт дастури Ҳукуматро барои иҷрои минбаъдаи корҳо интизор аст.

Лентаи хабарҳо
0