ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон айни замон ором аст.
Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд, ки айни замон дар макони рухдод, ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, феълан вазъ дар сарҳад ором ва таҳти назорати марзбонон қарор дорад.
Сухангӯи Раиси вилояти Суғд афзуд, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят низ ба ҷои ҳодиса омадааст ва гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба зудӣ оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 16 - уми сентябр рух дод. Дар паи тирпарронӣ се смарзбони тоҷик ҷон бохт.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.
Мақомти Қирғизистон эълон кардааст, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.
Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон дар роҳи Исфара-Ворух тасмим гирифтааст постгоҳ созад. Ин иқдоми Қирғизистон боиси нигаронии мақомоти Тоҷикистон шуд.
Мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки бунёди постгоҳ дар қаламраве, ки ҳоло хатти сарҳад аломатгузорӣ нашудааст ғайриқонунӣ мебошад.
Садои тир дар марз: якчанд шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ, як сарбози қирғиз кушта шуд
Дар ин росто, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек дар робита ба вазъияти феълӣ дар марзи ду кишвар, нотаи эътирозӣ равон карда, аз амалкарди марзбонони тоҷик вобаста ба тирпарронӣ изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки барои ба эътидол даровардани вазъият дар марз аз тамоми чораҳо кор бигиранд.