Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии қалб дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Рӯзи умумиҷаҳонии қалб, ки ҳамасола 29 сентябр дар аксари кишварҳои дунё таҷлил мегардад, бори аввал соли 1999 бо ибтикори Федератсияи умумиҷаҳонии қалб пешниҳод гардида буд

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ин ташаббусро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ЮНЕСКО ва дигар  созмонҳои  бонуфузи ҷаҳон  дастгирӣ намуданд, хабар додааст “Ховар”.

Торговля на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон аз зарари гӯшт

Манбаъ афзуд, ки мақсади роҳандозӣ намудани он бори дигар огоҳ намудани инсоният аз хатарҳоест, ки дар натиҷаи  эпидемияи бемориҳои дил ва рагҳои хунгузар ба одамон таҳдид мекунад.

Ҳамзамон таҷлили ин рӯз барои андешидани чораҳои фарогири профилактикӣ нисбат ба бемориҳои фишор ва сактаи сар дар байни  аҳолӣ  ва дарёфти роҳҳои  самарабахши пешгирии он  заминаи мусоид фароҳам меорад.

Федератсияи умумиҷаҳонии қалб дар якҷоягӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ин муносибат дар беш аз сад кишвари дунё чорабиниҳои гуногуни иттилоотию фароғатӣ  ва  маърифатӣ мегузаронад. Аз ҷумла, дар ин рӯз азназаргузаронии дастҷаъмонаи саломатии аҳолӣ, ҷаласаҳои илмӣ, ки дар онҳо оид ба мавзӯи мавриди назар маърӯзаҳо пешниҳод мегарданд, инчунин намоишномаҳо, консертҳо, сайру гашти муташаккилона ва мусобиқаҳои варзишӣ  доир  мешаванд.

Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хуҷанд: забҳи чорво дар ҳавлиҳо манъ аст, танҳо дар ҷойҳои муайян

Тибқи иттилои коршиносон, айни замон бемориҳои қалбу рагҳои хунгузар сабаби асосии гирифторӣ ба марг ва маъюбӣ дар ҷаҳон гардидаанд.  Сабаби  афзоиши   бемориҳои дилу рагҳои хунгузар, пеш аз ҳама, баландшавии фишори хун, афзоиши сатҳи  хлостерин ва қанд дар хун, сигоркашӣ, истеъмоли ками сабзавоту меваҷот, фарбеҳии зиёд ва беҳаракатӣ мебошанд.

Дар матлаби нашркардаи “Ховар” таъкид шудааст, ки метавон 80 фоизи марги пеш аз муҳлатро, ки аз сактаи дилу майнаи  сар ба амал меояд, пешгирӣ кард, ба шарте, ки тарзи ҳаёти  солимро  интихоб намоем,  масалан  агар аз истеъмоли тамоку худдорӣ кунем, ғизои муфид истеъмол  намуда,  фаъолияти ҷисмониямонро  бештар   гардонем.

Лентаи хабарҳо
0