ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд аз сокинон даъват намудааст, ки бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ниҳоят хавфнок забҳи чорво танҳо дар ҷойҳои муқарраршуда, пас аз муоинаи духтури байторӣ гузаронида шавад, иттилоъх додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд дар истинод ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз тамоми шаҳрвандон даъват намудааст, эҳтиёткор бошанд.
Шаҳрдории Душанбе барои забҳи чорвои қурбонӣ кушторгоҳҳо ташкил мекунад
“Марказ бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ниҳоят хавфнок, аз он ҷумла, сӯхтанӣ, сил, брутселлёз, ҳорӣ ва табби хунин бо назардошти мавсими гармо, ки сабаби эҳтимолии авҷгирии ин бемориҳо мебошад ва ҳамзамон дар рӯзҳои таҷлили Иди Қурбон аз тамоми шаҳрвандон даъват намудааст, эҳтиёткор бошанд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Бо қарори Рустам Эмомалӣ: дар иди Қурбон ҷойҳои махсуси забҳи ҷорво ташкил мешавад
Маркази бо пахши баёния аз шаҳрвандон талаб намудааст, ки забҳи чорво танҳо дар ҷойҳои муқарраршуда, пас аз муоинаи духтури байторӣ гузаронида шавад.
Таъкид гардидааст, ки бо мақсади беҳдошти сиҳатии омма дар ҳавлиҳо забҳи чорво манъ аст.
“Дар вақти харидории гӯшт, ба маълумотномаи мӯҳрзадаи духтури байторӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Ҳамчунин талаб карда шудааст, ки ҳангоми мушоҳидаи захм дар дастон ва пой, ҳарорати баланд, бемадорӣ, пайдоиши хунравӣ ҳатман ба духтури сироятшинос муроҷиат намоянд”, - зикр намудааст Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд.
Инчунин Маказ қайд намудааст, ки дар сурати ба миён омадани зарурат сокинон метавонанд ба телефони боварии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд (83422) 55450 занг зананд.