Раҳмон Набиев: агар бо истеъфо даргириҳо дар кишвар хотима ёбанд, ман истеъфо медиҳам

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкБывший президент Таджикистана Рахмон Набиев
Бывший президент Таджикистана Рахмон Набиев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳмон Набиев, дар мусоҳибааш бо хабарнигори “Известия” гуфта буд, агар бо истеъфои ӯ ба даргириҳо дар Тоҷикистон хотима дода шавад, истеъфо хоҳад дод.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Талабшоҳи Салом. Ба ҳар тарзе ки буд, Раҳмон Набиев дар иҷлосияи 16-ум истеъфо дод. Тавре ӯ дар мусоҳибааш бо хабарнигори “Известия” гуфта буд, агар бо истеъфои ӯ ба даргириҳо дар Тоҷикистон хотима дода шавад, истеъфо хоҳад дод. Вале на танҳо истеъфои раисҷумҳур ба ҷанг дар Тоҷикистон хотима надод, балки нерӯҳои навро вориди майдон кард.

Бывший президент Таджикистана Рахмон Набиев - Sputnik Тоҷикистон
Майрам ҳамсари Раҳмон Набиев: шавҳарам зери таҳдид аризаи истеъфояшро навишт

Вале на танҳо истеъфои раисҷумҳур ба ҷанг дар Тоҷикистон хотима надод, балки нерӯҳои навро вориди майдон кард. Иҷлосияи 15, ки ба қавли Сафаралӣ Кенҷаев, бо пирӯзии мухолифин анҷом ёфт, раванди воқеот ва кушта шудани дигар ҳомии Раҳмон Набиев Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев ӯро ба мусаллаҳ шудан таҳрик намуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки С. Кенҷаев дар 28-уми августи соли 1992 оинномаи Фронти халқиро иншо карда буд. Ин гуна ҷараёни воқеот аз он дарак медод, ки вазъи Тоҷикистон муташанниҷтар мешавад.  

Дар даҳаи аввали моҳи сенятбр Борис Елтсин, Нурсултон Назарбоев, Ислом Каримов ва Аскар Акаев зимни як изҳороти якҷоя изҳори нигаронӣ карданд, ки бар асари бархӯрдҳои мусаллаҳона вазъ дар Тоҷикистон муташанниҷ гаштааст. Ба иддаои раисҷумҳурҳои вақти Русия, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон, сарҳади ҷанубии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мунтазам вайрон карда шуда, тавассути он миқдори зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ бо роҳи қочоқ вориди ҷумҳурӣ мегардад.

Дар ин изҳорот ҳамчунин гуфта мешуд, ИДМ дар маърази хатари ҷанг қарор дорад ва набояд ба ин роҳ дода шавад. Инчунин ин сарварон ба “халқи бародари тоҷик” ба хотири ба эътидол вазъ изҳор карданд, ки омодаи кумак ба тоҷикистониёнанд. Ҳарчанд баъди ин изҳорот иҳзороти ҷавобии Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷиҳати дахолат накардани дигар кишварҳо ба қазияи Тоҷикистон пахш шуд, аммо ба қавли Нуралӣ Давлат, муаррихи тоҷик, “нимаи дуюми моҳи сентябр ба Тоҷикистон ҷузъу томҳои бригадаи 15 -и спетсназ аз Ӯзбакистон ва бригадаи 16 аз Русия ворид шуданд”.

Президент РФ Борис Ельцин (справа) и президент Таджикистана Рахмон Набиев - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон Набиев: парронанд, паррондан гиранд, ман истеъфо намедиҳам - идома

Нуралӣ Давлат мегӯяд, бо омадани онҳо вазъият ба куллӣ ба нафъи ҷонибдорони ҳукумати коммунистӣ тағйир ёфт. “Мавқеи Дивизияи 201 ҳам бо омадани гурӯҳи соҳибтаҷрибаи спетсназ ба Тоҷикистон мушаххастар шуд. Ҳарчанд роҳбарияти он дар бораи бетарафӣ гап мезад, вале дар асл демократҳову исломиҳоро чашми дидан надошт. Ба ин хотир гоҳе ошкору гоҳе пинҳонӣ ба гурӯҳҳои низомии Сангак Сафарову Файзалӣ Саидов ёрӣ мерасониданд”,- меафзояд ӯ.

Бо истифода аз вазъи мавҷуд ва ҷонибдории нерӯҳои эъзомии Ӯзбакистону Русия Сафаралӣ Кенҷаев, яке аз мухолифони сарсахти Ҳукумати Муросои Миллӣ 24-уми октябр ба Душанбе лашкар кашид. Қабл аз ҳуҷуми Сафаралӣ Кенҷаев дар рӯзномаи “Независамая газета” матлабе зери уновони “Противоборствующие стороны открыли второй фронт. Российская Армия посставляет вооружение бандформированиям” ба табъ расид. Дар ин матлаб гуфта мешуд, “ташаккули кӯлобиҳои мухолиф ва сарварони он ба ҳукумат дархосташонро ироа карданд, ки он аз 21 банд иборат аст”. Ба навиштаи ин рӯзнома, муҳимтарин банди ин талабот барқарории Раҳмон Набиев ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон аст.

Дар ин матлаб ишораи хосе дар робита ба исми  ин ташаккул намешавад. Аммо мантиқ далолат ба он мекунад, ки манзури муаллифи матлаби “Независимая газета” Фронти халқӣ мебошад. Баъди нашри ин матлаб Сафаралӣ Кенҷаев, оне ки иддао мекунад, яке аз асосгузорони Фронти халқӣ мебошад, ба Душанбе ҳуҷум кард. Ҳамон субҳе, ки ин гурӯҳ ба Душанбе ворид шуд, ба қавли Нуралӣ Давлат, Рустами Абдураҳим дар нахустин суханронии худ аз тариқи Радиои “Тоҷикистон” Сафаралӣ Кенҷаевро президент эълон кард. Аммо аз президенти зери силоҳ барканоргардида Раҳмон Набиев ягон гап шунида намешуд. Ӯ дар Хуҷанд ба чӣ кор машғул буд, дар Душанбе намедонистанд.

21 декабря 1991 года. Президент Республики Таджикистан Рахмон Набиев - Sputnik Тоҷикистон
Таъсиси институти президентӣ дар Тоҷикистон ва саҳми Раҳмон Набиев дар он - идома

Ҳамин тариқ метавон гуфт, раисҷумҳуре, ки зери мили автомат истеъфояшро эълом кард, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба ёди “ҷонибдоронаш” расид. То иҷлосияи мавриди назар, ки мухолифони Ҳукумати Муросои Миллӣ, ҳукумати то 7 майи соли 1992-ро барқарор карданӣ буданд, ғайриқонунӣ мустаъфӣ шудани президент дастаки дигаре барои онҳо гашта буд, то зиддияти худро тақвият бубахшанд ва сари мансаб баргардонидани Раҳмон Набиевро низ машмули барномаҳои худ намоянд, агарчи Раҳмон Набиев ва Шӯрои Олӣ ҷиҳати қабули Ҳукумати Муросои Миллӣ ризоияти худро эълом намуда буданд. Ин гуна иқдом "барқарории ҳукумати конститутсионӣ" унвон мешуд.

Бояд гуфт, марҳум Раҳмон Набиев ҳеҷ гоҳ аз истеъфои аввалинаш розӣ набуд. Ҳамеша ин истеъфоро ғайриқонунӣ медонист. Ӯ замоне ки баъди истеъфояш ба Хуҷанд баргашта буд, тайи як паёме ба парлумони Русия ин мавқеашро баён карда буд. Ҳамчунин моҳи ноябри соли 1992, қабл аз он ки иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ барпо шавад, марҳум Раҳмон Набиев тайи як мусоҳиба бо «Либерасон», нашрияи фаронсавӣ гуфта буд, ки «агар мо дар давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ карда истода бошем, ман бояд дар асоси шикаст дар интихобот ба истеъфо равам… Имрӯз ман худро дар ҳолати Звиад Гамсахурдия, ки баъдан аз Тифлис ронда шуд, эҳсос намекунам. Мехоҳам истеъфои ман аз ҷониби парлумон таъйид шавад».

Ба гумони ғолиб Раҳмон Набиев бори дуюм ҳам намехост истеъфо бидиҳад. Зеро тавре дар боло гуфтем, нерӯҳои Русия ва Ӯзбакистон аллакай аз нерӯҳои коммунистӣ пуштибонӣ мекарданд ва Раҳмон Набиев  низ бо таваҷҷуҳ ба солҳои 1990-1991 ва изҳороти нерӯҳои Фронти халқӣ, ки яке аз иддаоҳояш баргардонидани раисҷумҳури мунтахаб буд, умед дошт, ӯро ҳамчун раисҷумҳури Тоҷикистон ба мансабаш барқарор мекунанд, аммо...

Бывший президент Таджикистана Рахмон Набиев - Sputnik Тоҷикистон
Мардуми Тоҷикистон аз Раҳмон Набиев чӣ интизориҳо доштанд? - идома

Рӯзноманигор Умед Бобохонов, нафаре, ки дар иҷлосияи пурсарусадои 16-уми Шӯрои Олӣ ширкат кардааст, дар бораи мавзеъгирии Раҳмон Набиев дар он иҷлосия менависад: «Имрӯз, тибқи назарҳои расмӣ, Набиев ихтиёран истеъфо додааст.

Ин тарв нест. Вақте ӯро аввалин бор дар иҷлосия сухан доданд, президент бисёр ҳарф зад, вале бобати истеъфо чизе нагуфт. Дар чунин ҳол дар кори иҷлос танаффус эълон карданд ва Набиевро пушти саҳна – боваркунонӣ бурданд… ("Тайны 16-й сессии", "Азиа-плюс", №86 (773), 15 ноября 2012).

Абдулмаҷид Достиев, намояндаи мардумӣ ва дигаре аз иштирокдорони иҷлоси 16-и парлумон дар ёддоштҳояш менависад, ки шоми 19 ноябр бо супориши Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Шӯрои Олӣ худи ӯ, Маъруф Орифов ва Ҳабибулло Табаров аз ҷумлаи он вакилоне буданд, ки ҷиҳати ба даст овардани ризоияти Раҳмон Набиев дар иртибот ба истеъфо назди ӯ рафтанд. Абдулмаҷид Достиев дар китобаш ҷиҳати мазвӯъҳои радду бадалшуда бо Раҳмон Набиев чизе нанавиштааст, балки афзуда, ки “чӣ қадар мушкил аст нафареро ба истеъфо розӣ кардан”.

Дар ин мулоқоти онҳо Раҳмон Набиев шарт гузоштааст, агар иҷозаташ диҳанд, ки дар иҷлос баромад намояд, он гоҳ истеъфо хоҳад дод. Вақте шарти Раҳмон Набиев ҳузури вукало пешниҳод мешавад, онҳо ду қисмат мешаванд. Яке гуруҳ ба он розӣ мешавад, ки Раҳмон Набиев суханронӣ намояд, аммо қисмати дигар иддао менамояд, ки аризаи ӯ ба овоз гузошта шавад. Мубтанӣ бар  натиҷагирӣ қисмати аввалӣ ғолиб меояд ва Раҳмон Набиев ба минбари иҷлос даъват мешавад.

Бывший президент Таджикистана Рахмон Набиев - Sputnik Тоҷикистон
Усмонов: Раҳмон Набиев натавонист муносибати худро бо аҳзоби сиёсӣ муайян намояд – идома

Дар ин зимина Умед Бобохонов бо ёдоварӣ аз баромади дуюми Р. Набиев дар иҷлосия дар матлаби фавқуззикр менависад: “Номаълум буд, ки пушти саҳна Раҳмон Набиевро кӣ ва чӣ гуна мутақоид карда буд... вале ин маротиба ӯ чизеро гуфт, ки аз вай интизор буданд: бо назардошти ваъзи мушкили сиёсӣ ба қароре омадам, ки истеъфо бидиҳам…”.

Дар ин бора Абдулмаҷид Достиев менависад, ки "дар баромади худ Раҳмон Набиев дар бораи ноадолатиҳо нисбати худаш, рафтори якҷонибаи Телевизиони Тоҷикистон дар робита ба инъикоси ҳаводис ва таҳрифи иттилоот муфассал сухан ронда, мардуми тоҷикро ба ҳамдигарфаҳмию ваҳдат даъват кард. Ҳамчунин иброз дошт, ки ба хотири наҷот додани миллат, тақвият ёфтани вазъи сиёсӣ-иҷтимоӣ, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар омода аст, истеъфо диҳад" (Абдулмаджид Достиев, "Таджикистан: от вооруженного противостояния – к миру и создания", стр.45).

Суханронии шодравон Раҳмон Набиевро дар иҷлосияи 16 муаллифи “Таркиш” муфассалтар ба қалам додааст. Ба навиштаи Ҳикматуллоҳ Насриддинов, Раҳмон Набиев аввал аз он гила кард, ки ӯ интизор буд, то қабл аз иҷлосия ӯро ба ҷаласаи машваратӣ даъват менамоянд, аммо даъваташ накарданд. Марҳум Раҳмон Набиев дар ҷаласа худро хеле сафед кард. Оғози суханронии ӯ тақрибан аз сафари Велихов ва Собчак ба Тоҷикистон дар соли 1991 оғоз шуд.

Марҳум дар зимни баромадаш дар робита ба ташкили Ҳукумати Муросои Миллӣ, оғози равобити Тоҷикистону Эрон, масъалаи ба Тоҷикистон додани Дивизияи 201, гирдиҳамоии сентябри соли 1992 дар назди Кохи раёсаттҷумҳур, гаравгонгирии аъзои ҳукумат, нобоварии Шӯрои Олӣ нисбат ба раисҷумҳур, истеъфояш дар фурудгоҳ, сафараш ба Кӯлоб, бетарафии КАМ дар робита ба воқеаҳои он сол, сохтмони НБО-и “Роғун”  суҳбат кард. Раҳмон Набиев дар робита ба мавзӯъҳои фавқуззикр ба таври кутоҳ суҳбат карда бошад ҳам, аз рафти суҳбаташ маълум буд, мехост собит кунад, ки барои пешрафти кишвар, қатъи ҷангу ба муросо даст ёфтани ҷонибҳо талош кардааст, аммо имконияташ надоданд.

Президент Республики Таджикистан Рахмон Набиевич Набиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон Набиев - раисҷумҳуре, ки як бор интихоб шуд, аммо ду бор "истеъфо" дод

Баъди як чунин суҳбат ба мазмуни боло раисҷумҳури мустаъфӣ бо гила гуфт: “То ҳамин лаҳза ман интизор будам, ки ба сессия даъват мекунед. Хеле мунтазир шудам, аз рӯзи кори иҷлосия то ин соат. Бисёр рафиқон аз дуру наздик... сабаби дар сессия иштирок накардани маро мепурсиданд.  Ман чӣ ҷавоб доданамаро намедонистам. Ҳатто ба маҷлиси машваратӣ маро ба сифати намояндаи маҳал даъват накардед. Бинобар ин аризаи дар майдони ҳавоии Душанбе рӯзи 7 сентябр навиштаам ғайриқонунист. Вале агар рафтани ман вазъияти ҷумҳуриро муътадил созад, одамкушӣ хотима ёбад, ман ҳозир тайёрам, ба истеъфо равам”.

Баъди ин гуна суҳбати Набиев раиси ҷаласа суҳбат кард. Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, мардонагии Набиевро тамоми мардуми дар хотир дорад ва зимнан таъкид кард, ки истеъфои ӯ дар моҳи сенятбр ғайриқонунӣ буд.  Дар поёни суҳбаташ раиси тозаинтихоби парлумон ба таври возеҳ гуфт, ки “ҳоло сухан ба он кас, то рафтанашро эълон кунад”. Набиев ҷилави суханро ба даст гирифт. Ӯ дар ин зимн худро пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 дониста, аз кулли нафароне, ки дар он замон ба ҷонибдорияш раъй доданд, изҳори миннатдорӣ кард ва боз ҳам ба такрор ҳамон шартҳоеро пеш гузошт, ки дар мусоҳиба бо “Известия” гуфта буд: “Агар рафтани ман оромии ҷумҳуриро таъмин кунад, ба ҷанги бародаркуш хотима диҳад, халқро ба Ваҳдат биёрад, ман тайёрам, ҳозир истеъфо диҳам”. Бо ҳамин куллан Раҳмон Набиев аз саҳнаи сиёсӣ на танҳо канор рафт, балки дигар умуман бо расонаҳо суҳбат ҳам накард.

Моҳи апрели соли 2015 хабаргузории “Азия плюс” мусоҳибаеро ба Майрам Набиева, ҳамсари Раҳмон Набиев мунташир кард. Майрам Набиева дар ин суҳбаташ мегӯяд, ки “баъди иҷлос ӯ ба хона баргашт. Нафарони зиёде ҷамъ омада буданд. Ҳамаро як сухан гуфт, ки аризаи истеъфояшро худаш нанавиштааст. Ва боз ҳам гуфт: “Мо дар шаҳри худамон бегона шудем”. Ӯ рӯзи дигар ба иҷлос рафатанӣ шуд, аллакай ба мошин савор шуд, ки муҳофизаш Мирзо Олимов ба наздаш омада гуфт, ҳамаи кӯчаҳоро афроди Ӯзбакистон банд кардаанду онҳоро намегузоранд, то ба Қасри Арбоб бирасанд”. Ба қавли ҳамсари Раҳмон Набиев, ба ӯ на қабл аз марг ва на баъди марг чун раисҷумҳур ҳеҷ имтиёзе надоданд. Ягона “имтиёз”-е, ки ба раисҷумҳур дода шуд, нафақа дар ҳаҷми панҷ рубл буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдат - Sputnik Тоҷикистон
Нақши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон

М. Набиева: Ӯ сактаи дил надошт

Тавре дар боло ишора шуд, ба нақли шоҳидон, Раҳмон Набиев пас аз “машварат” бори дуюм омодагии худро ба истеъфо эълом кард, он ҳам бар ивази чанд шарте, ки раисҷумҳури мустаъфӣ зикр кардааст. Аммо на танҳо истеъфои ӯ ба ҷанг дар Тоҷикистон хотима набахшид, балки баъди истеъфои ӯ шуълаи он баландтар забона зад. Ба ибораи дигар Раҳмон Набиев бо вуҷуди истеъфо додан рӯйи сулҳро надид. Ҳамин тариқ дувумин раисҷумҳури Тоҷикистон 11-уми апрели соли 1993 дар Хуҷанд даргузашт.

Далели марги марҳум Набиев расман сактаи дил эълом шуд. Аммо ҳамсари раисҷумҳури мустаъфӣ дар ин маврид назари дигар дорад. Ӯ дар мусоҳибаи ёдшуда бо “Азия плюс” мегӯяд: “Ба назар мерасид, медонист, ки баъди барканор карданаш ӯро мекушанд. Мо суҳбатҳои зиёде доштем. Дар Хуҷанд мисле ки дар ҳабси хонагӣ буд, озод берун баромада наметавонист”.

Ба нақли ҳамсари Набиев, дар рӯзҳои охири умраш раисҷумҳур ҳамроҳи як муҳофизи қурғонтеппагияш бо номи Маҳмадалӣ мезист ва аҳли оилаашро ба Маскав фиристода буд, аммо ҳамсараш исрор кард, ки мехоҳад бо ӯ бошад. Дар чунин ҳол Раҳмон Набиев ҳамсарашро иҷозат медиҳад, ки ба Душанбе баргардад. “Ба ҳар ҳол, 18-уми март барои як ҳафта ба Хуҷанд баргаштам. 26 март ҳамсарам маро аз тариқи ҳавопаймо ба Душанбе фиристод. Он замон ман фикр карда наметавонистам, ки ин охирин дидори мост.

Президент РФ Борис Ельцин (справа) и президент Таджикистана Рахмон Набиев - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон Набиев: парронанд, паррондан гиранд, ман истеъфо намедиҳам - идома

Субҳи 9-уми апрел нороҳат шудаму шавҳарамро занг задам. Ӯ маро ором намуда гуфт, ки пас аз як моҳ ҳама мушкилот ба охир мерасаду мо якҷо мешавем. Ӯ эҳтимол ҳамаро медонист ва фаҳмида буд, ки ба ман ишорае кард, аммо ман он вақт нафаҳмида будам...”,-гуфтааст Майрам Набиева. Ӯ дар идомаи суҳбаташ меафзояд: “Рӯзи маргаш ман як бори дигар тамос гирифтам, гӯширо Мирзо Олимов, дигар муҳофизаш гирифт... Ба назар мерасад, Мирзо Муҳаммадалиро барои дидани хонаводааш мураххас карда буд. Мирзо медонист, он рӯз кӣ ба назди шавҳари ман омада буду кӣ ӯро кушт”. Ба нақли Майрам Набиева, 11 апрел, вақте ӯро аз марги ҳамсараш огаҳ мекунанд, ӯ аз Душанбе ба Хуҷанд парвоз мекунад. Замоне ӯ ба Хуҷанд мерасад, ки аллакай ҷасади ҳамсараш дар сардхона (морг) бурда шудааст.

Хонум Набиеваро тавсия медиҳанд, ки ба сардхона ворид нашавад, аммо хонум исрор карда, вориди сардхона мешавад. “Вақте ман ворид шудам, ӯро рӯйи миз хобида дидам. Медонед, аввалин чизе, ки зимни ворид шудан ба чашмам хӯрд, ин изи хафа кардан буд... Баъди боз кардани ҷасад онро ба хона оварданд. Ман тамоми шаб бо ҷасад будам. Ҳамроҳи ман танҳо Рашиду Мунаввара (фарзандонаш) буданд, Рустам натавонист саривақт аз Маскав биёяд. Ман бо чашмони худам изи хафакунӣ (следы удушение)-ро дидам, дар чанд ҷойи баданаш хун лаъл баста буд. Ҳатто як пояш мисли изи кроссовка доғи кабуд дошт. Мо ҷасадро аксбардордорӣ карда, аксҳоро Маскав фиристодем, аммо посухе дарёфт накардем. Бисёр чизҳоро гуфтан мумкин аст..., ба ҷуз як нукта: дақиқан ӯ сактаи дил надошт”,-гуфтааст М. Набиева.

Дар ин зимна ҳамсари раисҷумҳур дар мусоҳибааш меафзояд, солҳо баъд аз марги шавҳараш бо занеро вохӯрдааст, ки зимни кушодани ҷасади Раҳмон Набиев дар беморхона ӯ низ ҳузур доштааст. Он зан гуфтааст, ки Раҳмон Набиевро куштанд, аммо дар натиҷаи ташхис сабаби марги ӯро сактаи қалб навиштанд...

Лентаи хабарҳо
0