ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия навраси 17 - сола сокини деҳаи Байнали шаҳри Ваҳдатро бо гумони ғайриқонунӣ рабудани мошин дастгир намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки ба шӯъбаи ВУД Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат марди 26 - сола, сокини деҳаи Нурофари ҳамин шаҳр мероҷиат намудаст, ки санаи 25 - уми сентябр аз назди ҳавлии истиқоматияш, афроди ношинос автомашинаи шахсии ӯро рабудааст.
Зимнан, аснои баргузор намудани корҳои ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17 - сола бо гумони ғорати воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
"Тайота-Раф 4"- ро ноболиғ аз нуқтаи шустушӯйи мошинҳо рабудаст
ВУД тавзеҳ медиҳад, ки наврас бо роҳи пинҳонӣ аз назди ҳавлии истиқоматии ҳамшаҳрияш автомашинаи тамғаи "Опел-Астра"-ро ғайриқонунӣ ҳай карда рабудаст.
Феълан кормандони милитсия аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот бурда истодаанд.