ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ба вазъи солимии раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ягон хатаре таҳдид намекунад, хабар медиҳад РИА Новости аз қавли вазири беҳдошти Ҷумҳурии Чеченистон Илҳом Сулаймонов.
Сулаймонов вазири тандурустии Чеченистон мегӯяд, ки Қодиров бар асари шамолхӯрӣ андаке мариз шудаст, ва ин чиз ба саломатии ӯ хатаре намерасонад.
Намозхонӣ ва ифтори Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо Рамазон Қодиров-видео
Вазири беҳдошт пас аз он ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бобати бад будани вазъи солимии Қодиров сару садоҳо баланд шуданд, лозим донист изҳороти мазкурро паҳн кунад.
"Ман лозим шуморидам бобати вазъи саломатии Рамазон Қодиров ва овозаҳое, ки дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидаанд, изҳорот бидиҳам. Раҳбари Чеченистон танҳо аз шамолхӯрӣ мариз шудааст ва ин як бемории муқаррарӣ аст, ки дилхоҳ одам метавонад ба он гирифтор шавад", - изҳор доштаст вазири тандурустии Чеченистон.
Зимнан Сулайманов илова кард, ки дар зудтарин фурсат раҳбари Чеченистон сари ифои вазифаи худ бармегардад.