Манижа мухлисонашро ба Крокус Сити Холл ба барномаи ҷадиди консертияш даъват мекунад - акс

© Фото : Руслана РощупкинаПевица Манижа на концерте в Колонном зале дома союзов
Певица Манижа на концерте в Колонном зале дома союзов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манижа Сангова овозхони тоҷики машҳури Русия ҳаводоронашро аз тасмими баргузор намудани барномаи консертӣ хурсанд намудаст

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik.  Ин овозхони ҷавони муқими Маскав тоза дар сафҳаи Instagram хабари баргузор намудани нахустин консерташ дар Крокус Сити Хол - ро нашр намудаст.

Манижаи Сангин кулли ҳаводорону мухлисонашро ба барномаи ҷадиди ҳунарии худ даъват намуда изҳор доштаст, ки бастаи аввали чиптаҳо бо нархи махсус аз сомонаи mspro.pro дастрас намоянд.

Манижа санаи баргузории консерташро гӯё махсус интихоб намудаст, зеро он рӯзи 02.02.2020 баргузор мешавад.

Мухлисон ва ҳаводорони ин ҳунарманди тоҷик ӯро барои баргузор намудани консерти қарибулвуқӯяш табрик намуда, аҳсану офаринаш хонданд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Скоро сообщу очень важную новость. (автор фотографии @aksinia.avelur)

Публикация от MANIZHA (@manizha)

Яке аз ҳаводоронаш рӯзи баргузории консертро мӯъҷизаовар гуфтааст ва Манижа низ дар посух ба ишораи мухлисаш навиштааст, ки умедвор аст барномаи ӯ ба таври мӯъҷизавор баргузор гардад.

Зимнан, чанде пеш ин ҳунарманди тоҷик аз нашр шудани суруди наваш бо номи "Завтрак" (наҳорӣ) хабар дода буд. 

Суруди нави Манижа ба забони русӣ иҷро шуда дар бораи оғози зиндагии нав қисса мекунад.

Лентаи хабарҳо
0