Эълони озмун: Рустами Эмомалӣ ба беҳтарин толибилмон стипендия медиҳад

Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе барои дарёфти стипендияи раиси пойтахт миёни хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон озмун эълон намудаст

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, довталабони стипендияи раиси шаҳри Душанбе бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошанд.

"Рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон дар як соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ, таҳсил бо баҳои хубу аъло мувофиқи маълумотномаи хаттии ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он", - ро шаҳрдорӣ аз шартҳои асосӣ барои довталбони озмун номидааст.

Манбаъ афзуд, довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмун барои стипендияро доранд, бояд то соати 17-00-и 1ноябри соли 2019, бо нишони шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 80 асноди заруриро пешниҳод намоянд.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ ба даҳҳо шогирду устод стипендия ва мукофотпулӣ дод

Шаҳрдорӣ дар феҳрасти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аризаи довталаб бо дастхати худаш,  тавсиянома аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимӣ,  рӯйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, ки бо имзои директор ва муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст,  3 дона расми андозааш 3х4 ва нусхаи шиноснома, ё шаҳодатномаи таваллудро ном бурд.

Рустам Эмомалӣ барои донишомӯзони аълохон 382 500 сомонӣ ҷудо кард

Манбаъ таъкид намуд, ки озмун дар шакли санҷиш дар доираи барномаи таълимӣ тариқи тестӣ гузаронида мешавад ва шаҳрвандон барои иттилои бештар метавонанд тариқи телефонҳои 221 - 72 – 83,  934 - 60 - 30 - 31;    919 - 07 - 66 – 66 муроҷиат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0