Президент аз интихоботи соли 2020 ва номзадҳо гуфт: арзандаҳо зиёданд-акс

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲҲДТ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲҲДТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар бораи омодагӣ ба интихоботи соли 2020 суҳбат карда, масъалаи пешниҳоди вакилони арзандаро ба миён гузоштааст

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вақти баргузории Анҷумани XIII-и ҲХДТ-ро моҳи декабри соли равон муқаррар карда, масъалаи интихоботи соли 2020-ро аз масоили афзалиятдор хондааст.

Абдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон
Дуктур, ватандӯст ва ё тундгаро: раисҷумҳури нави Афғонистон кӣ мешавад

“Вазифаи ҲХДТ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ он аст, ки барои дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани ин чорабинии муҳимми сиёсӣ омода бошад”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ таъкид намудааст, ки мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа муайян аст, вале талош бояд кард, ки ба василаи таъмин кардани ниёзҳо ва талаботи мардум, хусусан фаровонии маҳсулоти ғизоӣ, ба эътидол овардани нарху наво, фароҳам овардани барқу гармӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи ҷомеа ва расидан ба зиндагии шоиста ба маъракаи интихобот омодагӣ бинем.

Таъсиси институти президентӣ дар Тоҷикистон ва саҳми Раҳмон Набиев дар он - идома

Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба пешбарии номзадҳои арзанда ба маъракаҳои интихоботи оянда таваҷҷуҳ карда, изҳор доштааст, ки арзандаҳо зиёданд, вале беҳтаринҳо бояд интихоб шаванд.

 

© NakibMurodovҶаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Президент аз интихоботи соли 2020 ва номзадҳо гуфт: арзандаҳо зиёданд-акс - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

“Албатта, дар сафи ҲХДТ чунин шахсон зиёданд ва мо бояд беҳтаринҳоро барои панҷ соли оянда интихоб намоем ва бо ин роҳ раванди таҳияи қонунҳое, ки барои пешрафти кишвари азизамон – Тоҷикистон мусоидат менамоянд, амалӣ созем”, - изҳор доштааст раисиҷумҳур.

Раиси ҲХДТ ташкилоти ҳизбиро вазифадор кардааст, ки барои дар сатҳи матлуб, шаффоф, озод ва демократӣ баргузор шудани интихобот  омодагӣ бинанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ 80 миллион сомонӣ ҷудо мекунад

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти ҷаласа таъкид намудааст, ки “узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад”.

Лентаи хабарҳо
0