ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои мунтахаби Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат хоҳад кард.
Бино бар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи ин гурӯҳ аз 2 то 6 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
“Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов 2 октябр бо Молдив, 4 октябр бо Лубнон ва 6 октябр бо Сурия рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати футболбозони ҷавони тоҷик соати 19:00 шурӯъ мешаванд”, - қайд намудааст ФФТ.
Дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19- сола 46 даста ширкат меварзанд, ки тибқи қуръакашӣ, ба 11 гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ, дар минтақаи Шарқ 5 гурӯҳ таъсис ёфтааст. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳ пайдо мекунанд.
Истиқболи гарму самимии футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе- аксу навор
Ёдрас мешавем, ки ахиран мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон тими наврасони Урдунро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 5:2 шикаст дода, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2020 роҳхат гирифт.
Тими наврасони Тоҷикистон бо 12 имтиёзу 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 рекорд гузошт.