ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ба иттилои котиботи ҳукумати шаҳр, дар чорабинии идона бахшида ба рӯзи шаҳри Истиқлол намояндагони ҳукумат ва шаҳрдорӣ иштирок намуданд.
Гуфта мешавад ба муносибати ин ид дар маркази шаҳр тарабхонаи "Шоҳрух", ки бо маблағгузории сокини маҳаллӣ сохта шуд, мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Зимнан, бояд зикр намуд, ки дирӯз сокинони вилояти Суғд, Рӯзи шаҳри Хуҷандро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифтанд. Чорабинии асосӣ дар майдони назди Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камол Хуҷандӣ баргузор гардид.
Хабар дода мешавад, ки ба идгоҳ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ташриф оварда, сокинони вилоятро табрику таҳният намуд, ба чанде аз олимону шоирон ва фаъолони ҷомеа
Иштироки Далер Назаров дар таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд
Чорабинии идона бо барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳоди сокинон гардонида шуд ва сарояндагони маҳбуб Нозияи Кароматулло, Бахтиёр Иброҳимов, Муҳаммадрофеъи Кароматулло, Аъзам Болтубоев, Ҳасани Камол, Дилноза Каримова, Дамирбек Олимов ва дигарон бо сурудҳои худ табъи ҳозиронро болида намуданд.
Ҳамзамон Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон Юлдуз Усмонова низ ҳунарнамоӣ карда, бо сурудҳои худ сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи шаҳр табрику таҳният гуфт.