Шоми рӯзи чоршанбе дар шаҳри Хуҷанд баъди ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол" дар майдони асосии шаҳри Хуҷанд гузашти низомӣ бо иштироки 15 ҳазор нафар баргузор гардид.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар дар шаҳри Хуҷанд иштирок кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
"Дар 25 соли соҳибистиқлолии кишвар шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мунтазам зиёд гардида, соҳибкорӣ рушд кард ва дар ин замина садҳоҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуданд, ки ин ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбат расонид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ афзоиш ёфт ва дар натиҷа сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар гардид",-гуфт президенти зимни суханронӣ.
Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷолибу диданӣ буд.









