Пешниҳоди муфтӣ ба мақомдорон: бисёрзаниро қонунӣ кунед!

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкНевесты
Невесты - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ақидаи муфтӣ бисёрзанӣ метавонад мушкилиҳои зиёди иҷтимоиро дар ҷомеа бартараф намуда, баъзе занони беҳимояро аз ин мушкилӣ раҳо кунад

 ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Қонунигардонии бисёрзанӣ дар ҳудуди Русия метавонад як қатор мушкилиҳои иҷтимоии бисёр занҳоро, ки дар баъзе ҳолатҳо шумораи зиёди занон нисбати мардон ба ин сабаб шудааст, ҳал намояд ба РИА Новости тавзеҳ додааст муфтии Маскав Илдар Аловудинов.

Муфтӣ Ғайнутдин аз Путин хост, аз рӯймоли хонандагон ҷонибдорӣ кунад

“Ман бар онам, ки бисёрзанӣ бояд қонунӣ карда шавад. Ин таҷриба ҳуқуқи дар амал татбиқ шуданро дорад. Ҳатто баъзе динҳо, аз ҷумла дини Ислом ба ин иҷоза додааст”, - қайд кардааст Аловудинов.

Муфтӣ пешниҳод кардааст, ки далели зиёд будани шумораи занон нисбати мардон бояд ба назар гирифта шавад. Ба маълумоти Хадамоти федералии давлатии омор, дар Русия шумораи занон нисбати мардон 10 миллион зиёд аст.

Ҳамчунин дар Русия кам нестанд ҳолатҳое, ки занҳо шавҳарҳояшонро аз даст медиҳанд ва ё аз онҳо ҷудо мешаванд ва ҳамин тариқ бева мемонанд.

Ғайр аз ин бисёрзанӣ дар чандин минтақаҳои Русия: Тотористон, Чеченистон, Доғистон – дар амал вуҷуд дорад.

"Қонунигардонии бисёрзанӣ метавонад кафолати риояи ҳуқуқҳои занон гардад. Аз рӯи масоили иҷтимоӣ чунин занҳо тамоман бе ҳимоя мемонанд. Новобаста аз он, ки қонунҳои шариат асоси зиндагии ҳар як мусалмон мебошад, аммо муносибатҳои шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ дар кишвари мо дар асоси сарқонуни Русия ба роҳ монда мешаванд", – қайд кард Илдар Аловудинов. 

Барои ҳамин, ба ақидаи муфтӣ, муҳим аст сохти (механизм) ҳимояи занонро дар асоси қонун пиёда кард, то ки онҳо тавонанд аз рӯи қонун зани дуюм бошанд ва маҳз ҳамин иқдом метавонад мушкилҳои зиёди иҷтимоиро дар ҷомеа ҳал намояд.

Поздравление муфтия Москвы Ильдара Аляутдинова в связи с наступлением Ураза-байрам - Sputnik Тоҷикистон
Муфтӣ Аляудинов, аз мусалмонон даъват кард, ки барои дигарон намунаи ибрат бошанд-видео

Илова бар ин корҳои фаҳш, ки танҳо ҷомеаро вайрон карда болои ин бар инсон гуноҳ меоваранд камтар шуда ҷомеаро рӯ ба беҳбудӣ меоранд.

Муфтӣ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки ин масъала бояд таҳти омӯзиши мақомоти салоҳиятдор бо ҷалби донандагони қонуну қоидаи ислом қарор бигирад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш роҳбари раёсати динии мусалмонҳои Русия, шайх Равил Ғайнуддинов эълон карда буд, ки "қонунигардонии бисёрзаниро дар минтақаҳои мусалмоннишини Русия ба мавқеъ меҳисобад".

Ба гуфтаи ӯ бисёрзанӣ беҳтар аз онест, ки "дорои 40 маъшуқа бошӣ ва ба худ ҳеҷ масъулиятеро дар назди онҳо ва фарзандҳои ғайриникоҳӣ ба дунё омада шуда эҳсос накунӣ".

Лентаи хабарҳо
0