Муфтӣ Ғайнутдин аз Путин хост, аз рӯймоли хонандагон ҷонибдорӣ кунад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкРаҳбари Шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғайнутдин. Акс аз бойгонӣ
Раҳбари Шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғайнутдин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Ғайнуддин, ҳиҷоб ҳич нишонае барангезандаи “диннӣ” надорад, сухан танҳо сари “иффати либос” меравад.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Раиси Идораи маънавии мусалмонон ва Шӯрои муфтиёти Федератсияи Русия Равил Ғайнуддин бо ирсоли номае ба президенти ин кишвар Владимир Путин ҳифозати духтарони сатрпӯш дар муассисаҳои таълимиро хоҳиш кардааст, менависад РИА Новости.

Сабаби ирсоли ин мактуб баррасаи шикоятест барои манъи ҳиҷоб дар макотиби Мордовия, ки бояд 11 феврал доир шавад. Додгоҳии Олии ин ҷумҳурии Русия дар моҳи октябри соли 2014 хонандагони минтақаро ҳини дарсҳо аз бастани ҳиҷоб маҳрум кард. Он замон як хонандаи мактаб сӯзанеро, ки нӯги рӯймолро маҳкам мекунанд, фурӯ бурда буд. То қарори Додгоҳи Олӣ дар бораи манъи ҳиҷоб ҳукумати маҳаллӣ қарор қабул карда буд, аммо намояндагони ҷамъияти мусалмонон он қарорро эътироф накарда ва ба додгоҳ муроҷиат намуданд.

Ба гуфтаи Ғайнуддин, ҳиҷоб ҳич нишонае барангезандаи "диннӣ" надорад, сухан танҳо сари "иффати либос" меравад.

"Ин нишонаи кадом равияе нест ва ҳам "алайҳи ҷамъият" равона нашудааст. Ин анъанотро тӯли қарнҳо ҳамаи "фарзандони Иброҳим" пайравӣ мекарданд: ҳам яҳудиҳо, ҳам насрониҳо ва ҳам мусалмонони равияҳои мухталиф. Болои ин — ҳамаи халқҳои Русия бо анъаноти фарҳангиашон… Гузашта аз ин, дар кишвари мо тайи чанд сол аст, ки расман бо рӯймол барои ҳуҷҷатҳо расм гирифтан иҷоза аст", — омадааст дар мактуб.

"Ман ба шумо муроҷиат карда мегӯям, барои ҳифзи арзишҳои анъанавиамон бархезед," — гуфта шудааст дар интиҳои нома.

Лентаи хабарҳо
0