ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Тоҷикистон чакан, чавгон ва атласро барои ворид намуданиба мероси ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод кард.
Дар бораи ин вазири вазорати фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Дар айни замон аризаҳои мо аз ҷониби комиссияи ЮНЕСКО баррасӣ мешаванд, вамо умед дорем, ки онҳо қабул хоҳанд шуд",-гуфт ӯ.
Вазир қайд кард, ки Тоҷикистон арзишҳои таърихии зиёд дорад ва метавонад ҳар сол чунин аризаҳоро ба ЮНЕСКО пешниҳод кунад. Ҳамчунин дар нақша ҳаст, ки ҳунарҳои анъанавие, ки толорҳои "Кохи Наврӯз"-ро оро медиҳанд, ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод карда шавад.
Чакан-гулдӯзии миллӣ мебошад, ки барои оро додани либосҳои занон истифода мешавад.
Чавгон-бозии миллии халқи тоҷик аст, ки бо истифодаи чӯб бозӣ карда мешавад.
Либоси анъанавӣ аз атлас ҳанӯз дар даврони қадим дар Тоҷикистон машҳур буд. Матои атлас аз абрешим омода шуда, салқиниро нигоҳ медорад. Гулдухтарони тоҷик ба бар кардани либоси атласро махсусан дар иди "Наврӯз" дӯст медоранд. Солҳо мегузаранд, вале атлас зебогии худро гум намекунад.
Соли 2016 ҷашни "Наврӯз" ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ҳамчунин дар охирҳои соли гузашта тарзи омода намудани оши палав низ аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангӣ қабул гардид. "Шоҳи ғизоҳо", аз гушт, биринҷ, иловаҳо ва сабзӣ омода карда мешавад. Дар худи Тоҷикистон наздики 200 намуди омода кардани оши палав маъмул аст.
Ҳамчунин чанде қабл корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод доштанд, ки ҷуробҳои нақшини помирӣ ба феҳрасти мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шаванд. Ин пешниҳод дар ҳоле буд, ки овозхони саршиноси рус Филипп Киркоров дар барномаи солинавие, ба барандаи барномаи "Максим Максим" ҷуробҳои помирӣ ҳадя карда, гуфт, ки онҳоро холааш Мари бофтааст.