Юрий Семин дар бораи Тоҷикистон: меҳмоннавозии тоҷикон ҳеҷ фаромуш намешавад

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкГлавный тренер ФК "Локомотив" Юрий Сёмин
Главный тренер ФК Локомотив Юрий Сёмин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юрий Семин, мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистони Шӯравӣ, сармураббии собиқи “Помир” ва сармураббии дастаи футболи “Локомотив” аз даврони фаъолияташ дар Тоҷикистон сухан кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Юрий Семин -яке аз мураббиёни бо таҷриба дар футболи Русия ба ҳисоб меравад. Чанде пеш ӯ сазовори ордени Александр Невский шуд.

Маҳз Юрий Семин, соли 1983 роҳбарии дастаи “Помир” Душанберо бар ӯҳда гирифт ва давоми чандин сол дар Тоҷикистон фаъолият кард.

Юрий Семин о начале карьеры и Таджикистане

Дар муҳлати кӯтоҳ Семин дастаи “Помир”-ро ба яке аз дастаҳои қавии лигаи аввали Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дод. Маҳз ба ҳамин хотир ӯ сазовори унвони мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон шуд.

Ба гуфтаи Семин, вай аз даврони фаъолияташ дар Тоҷикистон танҳо таасуроти неку хотирмон дорад. 

Юрий Сёмин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Семин дар бораи истеъфои Черевченко: “Локомотив” бояд ӯро баргардонад

“Беҳтарин хотирот ин дастаи мо –“Помир” аст, ки баъд, инчунин ба шарофати Шариф назаров ба лигаи оли Иттиҳоди шӯравӣ роҳ ёфт. Он замон беҳтарин бозиҳо буданд. Майдон ҳамеша пур аз мухлис буд. Ҳамеша барои тамошо мухлисони зиёд меомад. Аз ҷумла ҳамон рӯзе, ки мо бар муқобили ЦСКА бояд бозӣ мекардем”, - нақл кард Юрий Семин ба Sputnik Тоҷикистон.

Мураббӣ таъкид кард, ки бп ӯ меҳмоннавозии тоҷикон бисёр писанд аст. Ӯ инчунин аз меваҳову сабзавотҳои Тоҷикистон гуфт, ки ба назари ӯ бо лаззаттарин ҳастан.

“Гусфанду барраҳои фавқулодда аз ҷумла гусфанди думбадор. Ба ёдам лаҳзаҳое хуби зиёде ҳифз шудааст.” – ба ёд овард вай.

Семин ҳамзамон қайд кард, ки дастархони пур аз нозу неъмати тоҷикон ҳамеша ба ёдаш ҳифз хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0