ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Бояд тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то сармураббии "Локомотив" Игор Черевченко аз вазифааш даст накашад, иҳзор дошт мураббии Русия ва Тоҷикистон Юрий Семин зимни мусоҳиба бо Sputnik.
Черевченко баъди бозии "Локомотив" бо "Том" дар доираи даври дуюми чемпионати Русия аризаи истеъфо навишт. Дастпарварони ӯ дар даври дуюми бозӣ бо 2-гол бартарӣ доштанд, вале бозиро мусовӣ анҷом доданд.
"Эҳтимолан сабаби истеъфои ӯ, ки барои ҳамагон ногаҳонӣ буд, шикасти даста аст",-гуфт ӯ.
Роҳбарияти клуб низ дар чунин назар аст, ки Черевченко ба ҳиссиёт дода шуд ва кӯшиш доранд то ӯро ба клуб баргардонанд. Худи Черевченко сабаби истеъфояшро нагуфтааст. Ба қавли Семин "Локомотив" бояд кӯшиш кунад, то ӯро баргардонад.
"Ӯро бояд баргардонд, чун чемпионати Русия нав шурӯъ шуд. Дар ҳоли ҳозир "Локомотив" натиҷаҳои хуб нишон медиҳад",-қайд кард мураббӣ.
Баргаштан ба Тоҷикистон?
Сармураббии Тоҷикистону Русия Юрий Семин бовар дорад, ки "Черевченко барои мураббигӣ ба футболбозони тоҷик розӣ намешавад, чунки дар ин кишвар мутахассисони кордон зиёданд".
Ба гуфти ӯ Тоҷикистон барои рушди футбол тамоми шароитро дорад.
"Шароити рушд бузург аст, вале то ҳол пурра истифода нашудааст,-изҳор дошт Семин. Боду ҳавои мусоид, имкон медиҳад, ки футболбозон тамоми сол ба футбол машғул шаванд. Дар даврони советӣ ин ҷо бозигарони хуб буданд, ки баъдтар мураббӣ шуданд. Ҳозир бошад, ҷавонони боистеъдод зиёданд. Дар Тоҷикистон ҳамеша ба рушди футбол диққат медоданд".
Мураббии шоиста ба корбарони ин соҳа дар Тоҷикистон маслиҳат дод, то ҳарчӣ бештар футболро дар байни кӯдакону наврасон ташвиқу тарғиб намоянд ва мактабҳои варзиширо дар қаламрави кишвар зиёд кунанд.
Игор Черевченко писари собиқ бозигари дастаи футболи "Помир"-и Душанбе- Геннадйевич Черевченко буда, 21 августи соли 1974 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Қадамҳои нахустинаш дар футбол аз мактаби варзишии Душанбе шуруъ шуда буд. Ӯ ҳамчун ҳимоятгар бозӣ мекард. Соли 1992 дар ҳайати "Помир" чемпиони кишвар ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.
Соли 1996 Черевченко ба дастаи "Локомотив" даъват шуда, дар он ҷо ӯ бештар худро нишон дод ва дар ҳайати дастаи "роҳиоҳанчиён" чаҳор маротиба Ҷоми Русия, се бор медали нуқра ва як дафъа медали биринҷиро ба даст овард.
Моҳи майи соли 2015 Игор Черевченко расман сармураббии дастаи "Локоматив" таъйин шуд. Дар ин бора ӯ ҳангомӣ огоҳӣ ёфт, ки дар шаҳри Душанбе қарор дошт. Қаблан вазифаи сармурабии тими роҳи оҳани Маскавро ду дастпарвари футболи тоҷик аз дастаи "Помир"-Юрий Сёмин ва Рашид Раҳимов бар дӯш доштанд.