ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, Наботов Баҳром Садуллоевич, мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе барои гирифтани ришва маҳкум карда шуд.
Бино бар иттилои манбаъ, тахминан моҳҳои июн-июли соли2017 мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе барои дар Иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи замини шаҳрванд Раҳмонов Аскар Акбархонович дохил намудани 300 метри мурабба замини иловагии назди ҳавлигӣ ва аз нав тайёр кардани дигар ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиаш маблағи се ҳазор доллар ҳамчун пора талаб намудааст.
“Наботов Баҳром, маблағи зикргардидаро аз Раҳмонов Аскар дар чанд лаҳза гирифта, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаро дар бораи ба истифодаи қитъаи замин дар масоҳати 900 метри мураббаъ омода намуда, барои истифодабарӣ ба соҳибмулк додааст. Раҳмонов А.А. барои баргардонидани қисми маблағҳои ба сифати пора додааш ба Наботов Б.С. муроҷиат менамояд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Тавре Додситонии кулли Тоҷикистон зикр намудааст, Наботов Баҳром 15 марта соли равон Раҳмонов Аскарро ба кӯчаи соҳилии шаҳри Душанбе даъват намуда, барои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накарданаш маблағи 500 долларро бозпас мегардонад.
Вай ҳангоми, ҳангоми баргардонидани маблағи қаблан ба сифати пора гирифтааш дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуд.
Додситонии шаҳри Душанбе нисбати Наботов Баҳром ва дигарон бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст, ки бо ҳукми додгоҳ Наботов Б.С. гунаҳгор дониста, маҳкум карда шуд.