Мулоқот ва ваъдаҳои сафири Тоҷикистон ба падари Ҳувайдои ғӯрамарг-акс

© SputnikПосол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов
Посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдои ғӯрамарг тафсилоти таҳқиқи қазияро баррасӣ карда, омодагияшро барои дастгирии ҳамаҷониба баён доштааст

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, Сатторов зимни мулоқот гуфт, сафорат тамоми асноди зарурӣ барои мурофиаи додгоҳии муттаҳам дар қатли Ҳувайдои ғӯрамаргро саривақт ироа мекунад. Ӯ омодагии сафоратро барои дастгирии ҳамаҷониба, аз ҷумла дастгирии молиявӣ баён дошт.

Родители Вайдо в доме - Sputnik Тоҷикистон
Қазияи Ҳувайдо: дастур аз Тоҷикистон ба дипломатҳо ва таҳдид ба Саидов баъди пешниҳоди пул

Ҳангоми мулоқот ба Саидов бархе маслиҳатҳои ҳуқуқӣ низ дода шудаанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки сафорат дар баробари муроҷиатҳояш ба мақомоти дахлдор барои таҳқиқи мунсифонаи қатли Ҳувайдо, инчунин ба Думаи давлатии Русия мактуб ирсол намудааст, ки дар он ҳамаи ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зикр шудаанд.

Думаи давлатии Русия ба сафорати Тоҷикистон посух додааст, ки вобаста ба ҳамаи ҳолатҳои зикркардаашон ба Додситонии кулли кишвар мактуби дахлдор фиристода шуд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Посол Таджикистана в России в очередной раз провел беседу с отцом Хувайдо Тиллозоды Посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов с целю проведения беседы и консультации, а также оказания всестороннего содействия по делу убийства несовершеннолетней гражданки Хувайдо Тиллозоды, 17 сентября сего года в очередной раз пригласил её отца Абдусалома Саидова. На встрече, в которой также принимал участие А.Ибодзода, Консул Посольства Таджикистана, А. Саидову с учетом предстоящих судебных заседаний и в целях соответствующей подготовки, были даны необходимые правовые консультации. Посол Таджикистана И.Сатторов, подчеркнув усилия Посольства по своевременному обеспечению документов, удостоверяющих личность гражданина и других справок необходимых для судебного разбирательства, заявил о готовности Посольства, в том числе и в оказании материальной помощи. Следует отметить, что Посольство, помимо своих официальных обращений по вопросу всестороннего и объективного расследования данного уголовного дела в соответствующие ведомства России, направило письмо в Государственную Думу Федерального Собрания РФ, где были изложены все последние случаи связанные с ущемлением прав граждан Республики Таджикистан с целью дальнейшего отслеживания и контроля их рассмотрения. Государственная Дума РФ в своем ответном письме информировала, что по всем изложенным Посольством вопросам, направила соответствующее письмо в Генеральную прокуратуру Российской Федерации. Посольство держит под контролем все вопросы, связанные с защитой прав граждан Таджикистана, и оказывает им всяческое содействие. Пресс-служба Посольства Таджикистана в России

Публикация от Посольство Таджикистана в РФ (@tajembassy.ru)

Сафорат таъкид намудааст, ки тамоми масоили марбут ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро зери назорат дораду барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Адвокат Дагир Хасавов - Sputnik Тоҷикистон
Вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо боздошт шуд

Ин дар ҳолест, ки ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба намояндагиҳо дар Русия дастур дода буд, ки таҳқиқи қазияи Ҳувайдо, духтарчаи 5-солаи тоҷикро, ки дар шаҳри Серпухов кушта шуд, зери назорат гиранд.

Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд. Феълан қазия дар ҳоли баррасӣ дар додгоҳ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0