ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Саидов имрӯз дар суҳбат бо Sputnik гуфт, пешниҳоди пули наздикони Александр Сёмин, муттаҳам дар қатли Ҳувайдоро рад кардаст ва дар ин қазия танҳо хостори таъмини адолату қонуният мебошад.
Ӯ гуфт, дар пайи мурофиаҳои охир вакилони дифои зиёде бо ӯ дар тамос шудаанду омодагияшонро барои ҳимояти ройгон аз ҳуқуқҳои хонаводааш баён доштаанд. Падари ҷабрдида таъкид намуд, ки воқеан ба ёрии ҳуқуқӣ дар таҳияи аснод ва назорати раванди мурофиа ниёз дорад.
“Ҳуқуқшиносҳо биёянд, бишинанд дар суд, ки чӣ рафта истодааст, ман ҳуқуқшинос нестам, ки бидонам ин ҷояш туғрӣ асту ин ҷо нотуғрӣ. Биёянду бубинанд, ки мурофиа аз рӯи адолат бошад”, - изҳор дошт Саидов дар суҳбат.
Дар мавриди вокуниши мақомоти тоҷик, Саидов иттилоъ дод, ки ахиран аз намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия бо ӯ дар тамос шудаанду мулоқот кардаанд. Масъулину дипломатҳои тоҷик ба падари ҷабрдида изҳор доштаанд, ки аз Тоҷикистон дастур гирифтаанд, то тафтишоту мурофиаи қазияро зери назорат гиранд ва таъкид намудаанд, ки дар доираи имконияту салоҳият ёрдам хоҳанд кард.
“Бо гапи холӣ ёрдам намешавад, он бояд реалӣ бошад. Суму чизи дигареро талаб надорам, танҳо адолатро мехоҳам, ки барқарор шавад. Нишон диҳем, ки мо халқи Тоҷикистон бесоҳиб нестем”, - таъкид намуд Саидов.
Ӯ инчунин аз иғвогарию даъвоҳои пойдарҳавои ҷониби ҷавобгар гила кард, ки ба гуфтааш бо ҳар хел нағмаю ханда коре мекунанд, ки вай дар ҳузурашон худро гум мекунад. Саидов инчунин зикр кард, ки русиро то ҳадде балад аст, аммо вақте ҷониби ҷавобгарро мебинад, худро гум мекунад, чун онҳо бо ҳар хел нағмаю ханда вайро “издеватся” - масхара мекунанду “провокатсия” - таҳрик медиҳанд. Падари Ҳувайдо гуфт, феълан бо тарҷумон таъмин мебошад.
Вай илова намуд, ки ахиран дар бинои додгоҳ Елена Самохина ба ӯ ҳатто таҳдид карду гуфт, аз ҷонат наметарсӣ ва ӯ посух додаст, ки "ба ғайр аз Худо аз касе наметарсам". Ба гуфтаи Саидов ин таҳдидҳо дар пеши вакили дифоъ садо доданд ва онҳо ба додситонӣ аз он шикоят кардаанд, аммо дар додситонӣ аз онҳо далел хостаанд.
“Қатии адвокатам рафтем дар прокуратураи Серпухов навиштем, маро мегӯянд, ту ягон далел барои исбот, ягон сабт дорӣ? Охир дар бинои додгоҳ ҳамаи телефонро мегиранд, сабт кардан намешавад”, - нақл кард Саидов.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи падари ҷабрдида қаблан наздикони Сёмин тариқи ҳамсояҳо ва бевосита ба худи ӯ то 6 миллион рубл пешниҳод кардаанд.
“Гуфтам, сум даркор нест, модоме одами шумо гуноҳ кардааст, ҷавобро дар пеши қонун диҳад”, - изҳор дошт Саидов.
Феълан назари худи Елена Самохина дар бораи изҳороти Адусалом Саидов маълум нест ва ҷониби ҳимояти Александр Сёмин қаблан низ аз шарҳи қазия ба рӯзноманигорон худдорӣ карда буд.
Мурофиаи навбатии парвандаи Сёмин барои қатли Ҳувайдои 5-сола рӯзи 29 август таъин шудааст.
Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд.