ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар намоишгоҳ меъморону муҳандисон, роҳбарони корхонаҳои истеҳсолии мамлакат ширкат мекунанд, хабар медиҳад агентии Ховар.
Гуфта мешавад, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов намоишгоҳро тамошо карда, зимни суҳбат бо иштирокчиёни он изҳор намуд, ки бе рушди соҳаи саноат коҳиш додани яке аз масъалаҳои муҳими рӯз, яъне бекорӣ амри маҳол аст.
Мудири иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ ба Ёдгор Файзов гузориш дод
Ин ҳамоиш ва намоиши масолеҳи сохтмонии ватанӣ ду рӯз давом мекунад. Ҳадафи он рушди мнбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории мамалакат, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ, мубодилаи таҷриба ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда мебошад.