Миннатдории тоҷикони муқими Русия аз Эмомалӣ Раҳмон ва Рамазон Раҳимзода

© Аз ВУДРаҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар Русия
Раҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар Русия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарони диаспораҳои тоҷикони муқими шаҳру вилоятҳои Русия, аз корҳои ободониву созандагӣ дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ва дигар мавзеъҳои ин ноҳия дидан карда, ин дастовардҳоро аз баракати соҳибистиқлолӣ донистаанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Барои роҳбарон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия, ки ҷиҳати ширкат дар ҷашни 28-умин солгарди Истиқлол ва маросими кушодашавии чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба Ватан омадаанд, дидани ободкориву созандагӣ хушҳолкунанда будааст.

Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода ба муҳоҷирони фаъол медал ва ифтихорнома тақдим кард

Тибқи гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, онҳо бо роҳбаладии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари иштирок дар тантанаҳои ҷашнии шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Роғун, инчунин тӯли як ҳафта аз бисёр ҷойҳои тамошобоб ва бунёдкориҳои Тоҷикистони азиз аз наздик шинос гардидаанд.

Намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон зимни сафар ба Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти "Сиёма" дар шаҳри Душанбе аз фаъолияти он шинос шудаанд.

Ҳамзамон, онҳо аз шароиту имкониятҳои мавҷудаи Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе”, аз он ҷумла мағоза, тарабхона, ҳавзҳо, аквапарк, боғи ҳайвонот, майдончаҳои назди соҳили кӯл ва дигар иншооти фароғатии он ошно шудаанд.

© Аз ВУДРаҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар Русия
Миннатдории тоҷикони муқими Русия аз Эмомалӣ Раҳмон ва Рамазон Раҳимзода - Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар Русия

Дар идомаи сафар ҳамватанонамон ба қисми низомии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД ташриф оварда, ба шароити будубоши сарбозон шинос гардидаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, сарбозон дар ҳузури меҳмонон якчанд машқҳои омодагии худро ба намоиш гузоштаанд.

Инчунин, тамошои гӯшаҳои зебою дорои манзараҳои ҷолиб - машқгоҳи саҳроии "Марғоб"-и ВКД, воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ва Осоишгоҳи "Хоҷа Оби Гарм" идомабахши сафари ҳайати гурӯҳ будааст.

Ромитское ущелье  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Ромит маҷмааи сайёҳии “Арху”-ро ба истифода дод

Манбаъ афзуда, ки зимни сафар ба ноҳияи Ховалинг бошад, намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳру вилоятҳои Русия, Оромгоҳи Султон Увайсро зиёрат намуда, аз Дараи Мухтор ва корҳои ободониву созандагӣ дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ва дигар мавзеъҳои ин ноҳия дидан карда, ин ҳама дастовардҳоро аз баракати соҳибистиқлолӣ донистаанд.

Ҳамватанонамон бо бардоштҳояшон аз ин сафар хушҳол гардида, иброз доштаанд, ки халқи тоҷик зери сиёсати инсондӯстона ва бунёдкорона ба пешравиҳои аз ин ҳам назаррас ноил хоҳанд гардид.

Манбаъ афзуда, дар охир намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ба роҳбарияти олии кишвар ва вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода миннатдории самимонаи хешро баён намуданд.

Лентаи хабарҳо
0