Додгоҳи Исфара марди 30 - соларо барои қатли собиқ ҳамсараш ба 17 соли зиндон маҳкум кард

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи вилояти Суғд дар қиболи сокини 30 - солаи шаҳри Исфара, ки дар қатли собиқ ҳамсари худ даст дорад, ҳукм баровардаст

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Бар хабари дафтари матбуоти Додгоҳи вилояти Суғд, айбдоршаванда, сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара буда, аз собиқ ҳамсараш ду фарзанди муштарак доранд.

Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маҳкумшуда барои марги модар ҳангоми аёдати хешовандон боз куштор содир кард-видео

Ин сокини Исфара ҳамсарашро барои хиёнаткор будан айбдор карда, аз ӯ ҷудо мешавад. Пас аз бекор шудани ақди никоҳи зану шавҳар, додгоҳ ӯро муваззаф мекунад, ки ба собиқ ҳамсари худ барои нигаҳдорӣ ва таъмини фарзандон алимент супорад.

Куштор: марди 35-сола ҳамсар ва падари худро бо табар зад

Манбаъ меафзояд, номбурда пас аз шунидани он ки собиқ ҳамсараш бо ҳамдеҳаи худ муносибати маҳрамона дорад, бо корди хонагӣ мусаллаҳ шуда, собиқ ҳамсарашро дар манзили истиқоматии ӯ бо зарби корд ба қатл расонидаст.

Гуфта мешавад, ин мард собиқ ҳамсари худро дар пеши чашми ду кӯдакаш корд зада куштаст.

Маҷнунҳои рашкин: дар Тоҷикистон ду куштор ба сабаби рашк рух дод

Зимнан,  додгоҳи вилоятӣ сокини 30 - солаи Исфараро тибқи ду моддаи Қонуни ҷиноятии Тоҷикистон: 104 (одамкушӣ) ва 177(саркашӣ аз супоридани алимент) гунаҳкор дониста, ӯро ба мӯҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Лентаи хабарҳо
0