Маҳкумшуда барои марги модар ҳангоми аёдати хешовандон боз куштор содир кард-видео

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Валерий Писаренко, сокини 41-солаи шаҳри Гулистон, маҳкумшуда барои марги модарашро дар қатли як хешованди дигар муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, Писаренко, ки дар зиндони Хуҷанд адои ҷазо мекардааст, ҳангоми хабаргирӣ аз ҳоли хешовандон дар шаҳри Турсунзода ҳамсари бародарашро низ ба қатл расондааст.

Следственный изолятор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олӣ сокини Ваҳдатро барои кӯшиши қатли зану кӯдаки навзодаш 15 сол зиндон кард

Манбаъ афзуд, ба идораи милиса муроҷиат дар бораи бедарак шудани Искустнова Наталия Виталиевна, сокини 41-солаи шаҳри Турсунзода ворид гардид ва баъди паҳн шудани бӯи ғализ ҷасади марҳум аз бинои якошёнаи шаҳр пайдо шуд.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муттаҳам дар ин ҷиноят Писаренко Валерий боздошт гардид. Мақомот мегӯянд, Писаренко дар муассисаи ислоҳии рақами 3-и шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекард ва 13 август ҳангоми аёдати хешовандонаш дар шаҳри Турсунзода боз даст ба ҷиноят задааст.

Худи Писаренко дар гузориши ВУД мегӯяд, қаблан чор маротиба, се бор барои дуздӣ ва як бор бар асоси моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ, расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки бо марг анҷомидаст, маҳкум шудааст.

“Очам қатӣ ҷанҷол кардем, задам, балниса бурданд, баъди 13 рӯз мурд дар балниса”, - изҳор медорад Писаренко дар гузориши ВУД.

Манбаъ таъкид кард, ки феълан алайҳи муттаҳам барои содир кардани куштор парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0