БОҶ барои кӯдакони ВМКБ ғизои солим омода мекунад

Обуна шудан
Амалисозии ин лоиҳаҳо аз моҳи январи соли оянда оғоз ёфта, дар чаҳорчӯби он сохтмони гармхонаҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ, усулҳои беҳтари хушк кардани мева, сохтмони анборхонаҳо барои озуқа ва ғайра дар назар дошта шудааст.

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Мудири Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) дар Тоҷикистон Алберто Коррея Мендес зимни сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вазъ ва тарзи таъмини толибилмони синфҳои ибтидоӣ  бо ғизои солим мароқ зоҳир кардааст.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ "Ховар", зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба беҳтар намудани ғизои солим дар  муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумлаи барои синфҳои ибтидоӣ таклифҳо пешниҳод намуданд.

Дети в школьной столовой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Питса ё оши палав: дар Душанбе маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ муаррифӣ гардид

Мудири Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин созмон бо ду ҳазор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошт. Онҳо давоми чандин сол  ба хонандагони хурдсоли муассисаҳои таълимии вилояти Бадахшон, ки шумораашон аз 130 адад бештар буд, кумаки ғизоӣ расонданд.

Ҳоло созмони мазкур мақсад дорад дар Тоҷикистон барномаи наве бо номи «Бунёди сабз» роҳандозӣ намояд. Бо шурӯъ шудани Барномаи «Бунёди сабз», ки аслан бо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии батадриҷи  ҷомеа бо оқибатҳои он сару кор дорад, боз чанд нақшаи нав роҳандозӣ мешаванд.

Амалисозии ин лоиҳаҳо аз моҳи январи соли оянда оғоз ёфта, дар чаҳорчӯби он сохтмони гармхонаҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ, усулҳои беҳтари хушк кардани мева, сохтмони анборхонаҳо барои озуқа ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Яке аз дигар масъалаҳое, ки тайи чанд соли охир ҷомеаро нигарон кардааст, ин  қадпастӣ ва камвазнии кӯдакон мебошад.

Мутахассисони соҳаи тиб баъди омӯзиш ба ин натиҷа расиданд, ки яке аз иллатҳои асосии ин омил норасоии ғизои солим ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Сол то сол ба бозори ҷаҳонӣ ғизоҳои сунъӣ бештар ворид мешаванд, ки ба рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии кӯдакон халал ворид мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои истеҳсоли озуқавории аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ шароити мусоид дорад.

Дар мамлакати мо дар назди  ҳар як муассисаи таълимӣ имкони ташкили полез барои парвариши сабзавоту зироат, бунёди боғу гармхона мавҷуд аст, фақат дар марҳилаи аввал онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кардан зарур меояд.

Бургер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фавти мардуми тоҷик аз ҳисоби истеъмоли ғизои нодуруст

Намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди мулоқот бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз чанд гармхонаи ҳудуди шаҳр дидан намуданд.

Ёдовар мешавем, ки татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 оғоз гардида, то нимаи соли 2024 давом хоҳад кард.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2019 Барномаи ғизои мактабӣ 52 ноҳияро фаро гирифта, шумораи умумии баҳрабарон 410 ҳазору 513 нафарро ташкил медиҳад.

Барномаи ғизои мактабии Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми муҳимтарини стратегияи Ҳукумати ҷумҳурӣ  оид ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва рушди маориф мебошад.

Лентаи хабарҳо
0