Питса ё оши палав: дар Душанбе маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ муаррифӣ гардид

© Фото : WFP / Emma KhachatryanДети в школьной столовой, архивное фото
Дети в школьной столовой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷмӯа барои ошпазони ошхонаҳои мактабӣ пешбинӣ  шуда, дар он баробари таомҳои миллии тоҷикӣ, ғизоҳои миллии Қирғизистон, Арманистон,  Русия, Италия, Бразилия ва Америка шомил шудаан

ДУШАНБЕ, 13 сен - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ баргузор гардид.

Дар ин ҷамъомад муовини вазири тандурустии Тоҷикистон  Мирҳамуддин Камолзода, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Барномаи Озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ), Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Русия ва дигар ташкилоту идораҳо иштирок намудаанд, хабар медиҳад, АМИТ "Ховар". 

Дар ҷамъомад зикр гардидааст, ки маҷмӯи дастурҳои ғизои мактабӣ 116 номгӯй хӯрокҳои миллии тоҷикиро дар бар мегирад.

Тележка с продуктами в магазине - Sputnik Тоҷикистон
Шаш ғизо, ки инсонро тез пир мекунанд

Ҳадафи асосии он таъмини ғизои гуногун  ва солим ба ҳисоб меравад. Таомҳо  бо назардошти  анъанаҳои  миллии тоҷикӣ интихоб гардида, хеле одӣ ва аз маҳсулоти ғизоии дастрас омода мегарданд.

Китоби мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Русия таҳия гардидааст.

Ғизои хуб  асоси саломатии ҳар яки мо буда, хусусан ба кӯдакону наврасон  барои баланд бардоштани қобилияти рушди  ҷисмонӣ,  зеҳнӣ ва   масунияти бадан  таъсир мерасонад. Ин нуктаро зимни ҳамоиш муовини вазири тандурустӣ, Мирҳамуддин Камолзода иброз намуд.

Оби хом ё ҷӯшомада-тавсияи Вазорати тандурустӣ

Ба гуфтаи Камолзода, Ҳукумати Тоҷикистон низ бо мақсади  таъмин намудани  озуқавории бехатар, таъмини сифат  ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ  то имрӯз якчанд  қонуну дастурҳоро амалӣ гардонида истодааст. Чанде қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда" тасдиқ гардид, ки ин, албатта, барои  боз ҳам  беҳтар гардидани сифату бехатарии маҳсулот ва таъмин намудани озуқа таъсир мерасонад.

Нигаронии Раҳмон аз фарбеҳшавӣ: пухтупаз танҳо кори бонуҳо нест

Зикр шуд, ки ин китоб нашри дуюм буда,  нашри аввали он соли 2016 ба табъ расида, ҷоизаи "Беҳтарин дар ҷаҳон"-ро соҳиб гардид. Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Янтайи  Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0