Рустами Эмомалӣ ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват кард

© Сайт мэрия ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи қарори шаҳрдори Душанбе, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, имрӯз, 18 - уми июл, қарор дар бораи омодагӣ ба  даъвати тирамоҳии сокинони пойтахт ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019-ро ба имзо расондааст.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Фармони нави Раҳмон дар бораи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ

Тавре дафтари матбуоти шаҳри Душанбе хабар дод, сокинони  синни 18 ва калонтари пойтахт, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Омбудсмени нави Тоҷикистон дар бораи “облава” ва латукӯби ҷавонон

Тибқи қарори шаҳрдори Душанбе сокинони солҳои таваллудашон 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Шаҳрдор бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани мавсими даъвати тирамоҳии соли 2019 ба мақомоти дахлдори шаҳр дастуру супоришҳо додааст.

Оғози даъвати ҳарбӣ дар Душанбе: супориши Рустам Эмомалӣ барои барӯйхатгирии ҷавонписарон

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе вогузор гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0