Фармони нави Раҳмон дар бораи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ

Обуна шудан
Мувофиқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, ҷавононе, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷавонписаронро ба хизмати ҳарбӣ даъват кард. Дар ин бора фармони вижаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расидааст.

"Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии ВКД,, қӯшунҳои мудофиаи граждании КҲФ, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд", - омадааст дар фармони раисиҷумҳур.

Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Меҳрон Бобоҳоҷиев ҳамсолонашро ба хизмати ҳарбӣ даъват кард

Тибқи фармони Президент,моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд.

Дар ин росто, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо уҳдадор шудаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус бо дар назар доштани хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

"Раисони шаҳру ноҳияҳо бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ барои амалӣ намудани муқаррароти моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд", - омадааст дар фармон.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Фармони нави Эмомалӣ Раҳмон барои даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ

Дар баробари ин Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуданд, омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд.

Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд, барои муоинаи назорати тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

Лентаи хабарҳо
0