ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо барои дастгирӣ намудани сокинони осебдидаи Тоҷикистон аз обхезиҳои ахир, ҳудуди 70 ҳазор евро ихтисос додааст, хабар медиҳад ТоҷикТа.
Ба иттилои манбаъ, кумаки Иттиҳоди Аврупо ба манотиқи Суғду Хатлон, ки аз ҳама беш аз ин офати табиӣ хисорот диданд, равона мегардад.
Гуфта мешавад, оилаҳое, ки хонаҳои онҳо пурра нобуд шудаанд ё ба таври ҷиддӣ аз обхезӣ хароб гаридаанд, кумаки пулии ройгон дарёфт мекунанд. Дар маҷмӯъ бояд 2 ҳазору 700 сокини ин манотиқ аз кумаки молии иттиҳоди Аврупо бархурдор шаванд.
Зикр мегардад, ки дар ин муддат аз офати табиӣ беш аз 6 ҳазору 700 нафар сокинони Тоҷикистон зарар диданд.
Тибқи маълумоти расмӣ аз обхезиҳои ахир дар Тоҷикистон дасти кам ҳазор хонаҳои истиқоматӣ хароб гардида, аз ин миён 35 дарсади манзилҳо пурра вайрону валангор гаштанд.
Қурбонии севуми сел дар Панҷ: ба ноҳия боз офати табиӣ омад
90 дарсади харобкориҳои офати табиӣ ба сокинони манотиқи Суғду Хатлон рост меояд. Гуфта мешавад сокинони ин манотиқ дар баробари аз даст додани манзилҳои зист бо тамоми ҷиҳози хона, инчунин аз маҳсулоти хурокворӣ ва чорвои худ низ бенасиб монданд.
Заминҳои кишт, ки манбаи асосии даромади аҳолӣ дар Суғду Хатлон ба ҳисоб меравад, низ корношоям гардиданд.