ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят бебориш аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 гарм, рӯзона 25+30 гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 гарм, рӯзона 12+17 гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат иеборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 гарм, рӯзона 30+35 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 гарм, рӯзона 17+23 гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 гарм, рӯзона 34+39 гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 гарм, рӯзона 26+31 гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 гарм, рӯзона 32+37 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 гарм, рӯзона 25+30 гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13+15 гарм, рӯзона 35+37 гарм мешавад.