ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон зимни мулоқот тарафҳо тадбирҳои муштаракро барои ба эътидол овардани вазъ дар марзи ду кишварро баррасӣ карданд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон таъкид намудааст, ки сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба задухурди мусаллаҳонае, ки боиси марги сарбозон анҷом ёфт, изҳори таассуф ва ба пайвандону наздикони ҳалокшудаҳо ҳамдардӣ баён карданд.
“Тарафҳо хостори фаъолтар намудани корҳо дар дар самти таъйин ва аломатгузории хати марзҳои давлатӣ ва аз байн бурдани масъалаҳои марзӣ шуданд.
Қирғизистон амалкарди марзбонони тоҷикро маҳкум намуда, ба сафир нота супорид
Муҳаммадқулӣ Абилғозиев ва Қоҳир Расулзода бори дигар аз созишномаҳои қаблан ба тавофуқрасида ҷонибдорӣ намуданд ва таъкид намуданд, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд аз равишҳои созанда кор гирифт.
Аз ҷумла, сарвазирон ба раҳбарони хадамоти марзбонӣ ва мақомоти маҳалли ду кишвар дастур додаанд, ки ҳамкориҳоро дар тамоми сатҳо тақвият бахшида, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон пурзӯр кунанд.
Жеенбеков аз тарафҳо хост аз доман задан ба ҷанҷол дар марз бо Тоҷикистон худдорӣ кунанд
Муовинони сарвазирон ва раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон вазифадор карда шуданд, ки фардо дар маҳалли ҳодиса корҳои муштаракро барои тезонидани ҳалли мушкили ба вуҷуд омада идома диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 16 - уми сентябр рух дод.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.
Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон дар роҳи Исфара-Ворух тасмим гирифтааст постгоҳ созад. Ин иқдоми Қирғизистон боиси нигаронии мақомоти Тоҷикистон шуд.
Мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки бунёди постгоҳ дар қаламраве, ки аломатгузорӣ нашудааст ғайриқонунӣ мебошад.