Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Номаи эътирозии Тоҷикистон ба Қирғизистон барои тирпарронӣ дар марз

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон аз амалҳои ҷониби Қирғизистон, ки бар хилофи тавофуқоти қаблӣ ба сохтмони иншоот дар майдони тақсимнашуда оғоз кардааст, изҳори норозигӣ кард

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз амали ҷониби Қирғизистон дар марз, изҳори нигаронӣ карда, ба ваколатдори муваққатии ин кишвар дар Тоҷикистон, номаи эътироз супурд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷиикстон имрӯз, 17 сентябр ваколатдори муваққтаии Қирғизистон дар Тоҷикистонро ба мақомот даъват карда ба ӯ номаи эътирозӣ супорид.

Мақомоти Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҷониби Қирғизистон дар ҳудуди замини мувофиқанашуда ба сохтусози иншоот оғоз кардааст.

"Ҷониби Қирғизистон ба ҷои ҳодиса 250-300 низомиёнро овард, ки дар муқобил ба сокинони осоиштаи деҳаи Баҳори Тоҷикистон аз силоҳ истифода карданд. Бо ин амали худ онҳо марзбонони тоҷикро водор карданд барои муҳофизати мардуми осоишта, чораҳои ҷавобӣ андешанд", - омадааст дар изҳороти ВУХ Тоҷикистон.

Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Жээнбеков аз тарафҳо хост аз доман задан ба ҷанҷол дар марз бо Тоҷикистон худдорӣ кунанд

Манбаъ афзуда, ки дар паи амали иғвогаронаи ҷониби Қирғизистон се сарҳадбони Тоҷикистон кушта шуда, чандин нафари дигар аз ҷумла занон ва ду кӯдак маҷрӯҳ шуданд.

"Ҷониби Тоҷикистон бо мақсади мувофиқат кардан ба созишномаҳои қаблӣ, аз ҷумла созишномаҳое, ки зимни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар моҳи июли соли равон имзо шуд, бори дигар аз ҷониби Қирғизистон даъват мекунад, ки аз амалҳои харобиовар дар сарҳади давлатӣ худдорӣ кунанд ва барои пешгирии чунин иғвогариҳо дар марзи ду кишвар, чораҳои таъхирнопазир андешад", - омадааст дар изҳороти ВУХ Тоҷикистон.

Қирғизистон амалкарди марзбонони тоҷикро маҳкум намуда, ба сафир нота супорид

Гузашта аз ин бояд қайд намуд, ки аснои тирпаррони як сарбози қатории Қирғизистон низ ҷон бохт ва чанд тани дигар захм бардошта буданд.

Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон дар бастагӣ ба тирпарронӣ дар марз субҳи рӯзи 17 сентябр ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек  Суҳроб Олимзода нотаи эътирозӣ супорида, аз амалкарди марзбонони тоҷик изҳори нигаронӣ намуданд.

Ҷониби Қирғизистон аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки барои ба эътидол даровардани вазъият дар марз аз тамоми чораҳо кор бигиранд.

Автомат Калашникова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садои тир дар марз: якчанд шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ, як сарбози қирғиз кушта шуд

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон вазъияти марзро баррасӣ карданд

Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 16 - уми сентябр рух дод. 

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.

Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон дар роҳи Исфара-Ворух тасмим гирифтааст постгоҳ созад. Ин иқдоми Қирғизистон боиси нигаронии мақомоти Тоҷикистон шуд.

Мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки бунёди постгоҳ дар қаламраве, ки аломатгузорӣ нашудааст ғайриқонунӣ мебошад.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 976 километр марзи муштарак доранд, ки наздик ба 50 дарсади и он, ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0