ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории нахустин даври машваратҳои сиёсӣ миёни ниҳодҳои дипломатии ин кишвар ва Малайзия дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Тавре манбаъ зикр намудааст, нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ миёни ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон ва Малайзия дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Раёсати ҳайати тоҷикӣ дар ин нишастро Хусрав Нозирӣ, муовини аввали Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҳайати Малайзияро Имрон Муҳаммад Зин, муовини дабири кулли равобити дуҷонибаи Вазорати умури хориҷаи ин кишвар бар ӯҳда дошт.
Талоши Қодирӣ барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия
Ҳайатҳои ду кишвар вазъи кунунӣ ва самтҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда, перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Зимни музокирот ҷонибҳо аҳаммияти машваратҳои мунтазами сиёсиро чун абзори шиносоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда таъкид сохтанд.