ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Рӯзи 27 август сафири Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ бо вазири сайёҳӣ, санъат ва фарҳанги Малайзия Датук Моҳамаддин Бин Кетапи дидору мулоқот кардааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сафири Тоҷикистон нусхаи эътимодномаашро ба Шоҳи Малайзия супурд
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва рушди робитаҳои мутақобилан судманд, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни вазоратҳои дахлдори Тоҷикистону Малайзияро баррасӣ кардаанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар ин дидор, роҷеъ ба имконияти сафари вазири сайёҳӣ, санъат ва фарҳанги Малайзия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намудаанд.
Ёдрас мешавем, ки Ардашер Қодирӣ моҳи апрели соли равон бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба симмати сафири фавқуллодаи Тоҷикистон дар Малайзия баргузида шуд.
Талоши Қодирӣ барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия
Қаблан сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Малайзия, Музаффар Муҳаммадӣ буд, ки ахиран аз ҷониби Эмомали Раҳмон роҳбари давлат бинобар ба вазифаи дигар гузаштан аз мақоми сафир дар ин кишвар озод гардид.