Суйиқасд ба ҷони Ашраф Ғанӣ: маргталаб худро аснои баромади раисҷумҳур тарконд

© REUTERS \ OMAR SOBHANIПолицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан. 7 августа 2019 года
Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан. 7 августа 2019 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар музофоти Парвони Афғонистон замоне, ки раисҷумҳури ин кишвар Ашраф Ғанӣ бо намояндагони маъракаи интихоботӣ мулоқот мекард, таркиши шадид рух дод

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар Афғонистон аснои баромади раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ, маргталаб худро таркондаст, хабар медиҳад шабакаи маҳаллии 1TV

​Маргталаб худро дар миёни издиҳоме, ки барои шунидани баромади Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури ин кишвар гирд омаданд,таркондаст.

Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон
Дар Афғонистон гурӯҳи ҷангҷӯёни ДОИШ ва “Толибон” ба нируҳои ҳукуматӣ таслим шуданд

Ба маълумоти пешакӣ, маргталаб мотосикли ҳомили маводи мунфаҷираро асное ба кор андохт, ки Ашраф Ғанӣ тоза ба мулоқот бо намояндагони маъракаи интихоботӣ шурӯъ кард.

Феълан танҳо аз ҳалокати 24 нафар ва захм бардоштани 31 тани дигар маълум аст, аммо гуфта мешавад, ки мизони ҳалокшудагон ва захм бардоштагон аз ин адад ба маротиб беш аст.

Алъон аз ҷониби мақомоти марбута, шумораи умумии нафароне, ки ҷон бохтанд ва маҷрӯҳ гардиданд муайян мешавад.

Манбаъ меафзояд, дар ҳодисаи рух дода худи раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ осеб надидаст.

Дар Афғонистон 18 нафар бар асари инфиҷори мошин ҷон бохтанд

Зимнан зикр мегардад, ки то ҳол ягон гурӯҳи террористӣ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.

Бояд гуфт, ки маъракаи интихоботӣ дар Афғонистон 28 - уми сентябри соли равон доир мешавад.

Лентаи хабарҳо
0