https://sputnik.tj/20190917/otamboev-imruz-zodruz-dorad-muborakbod-hamsar-pisar-omadand-1029879883.html
Отамбоев имрӯз 63 - сола шуд: барои муборакбодӣ ҳамсар ва писараш ба зиндон рафтанд
Отамбоев имрӯз 63 - сола шуд: барои муборакбодӣ ҳамсар ва писараш ба зиндон рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Қодирбек Отамбоев пас аз мулоқот бо падари худ Алмосбек Отамбоев, бобати саломатии ӯ изҳори назар карда, ҳамчунин аз ташвиши собиқ раисҷумҳур дар боздоштгоҳ... 17.09.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-09-17T17:44+0500
2019-09-17T17:44+0500
2019-09-17T17:56+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/97/1029879707_44:-1:1000:541_1920x0_80_0_0_6ee139eba52df034eb5b992e0c4f5c1c.jpg
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/97/1029879707_140:-1:1000:541_1920x0_80_0_0_9ed19076426efd78972b10a242593215.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, ҳамаи хабарҳо, қирғизистон, алмосбек отамбоев
осиёи марказӣ, ҳамаи хабарҳо, қирғизистон, алмосбек отамбоев
Отамбоев имрӯз 63 - сола шуд: барои муборакбодӣ ҳамсар ва писараш ба зиндон рафтанд
17:44 17.09.2019 (Навсозишуда: 17:56 17.09.2019) Қодирбек Отамбоев пас аз мулоқот бо падари худ Алмосбек Отамбоев, бобати саломатии ӯ изҳори назар карда, ҳамчунин аз ташвиши собиқ раисҷумҳур дар боздоштгоҳ гуфт. Хонаводаи Отамбоев ба сифати тӯҳфа ба ӯ чанд китоб ҳадя намуданд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба табрики собиқ расиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ҳамсараш Раиса Отамбоева ва писараш Қодирбек омаданд.
Қодирбек дар саҳифаи худ изҳор намудаст, ки "падарам имрӯз 63 - сола шуд ва ба муносибати зодрӯзаш ману модарам иҷозати мулоқот бо ӯро дарёфт кардем".
Зимнан ба гуфтаи ӯ, собиқ раисҷумҳур аз вазъияти феълӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ташвиш аст ва изҳори умед намудаст, ки мушкили ҷойдошта дар фурсати кӯтоҳ ҳалли худро пайдо мекунад.
Алмосбек Отамбоев дар мулоқот бо хонаводаи худ зикр намудааст, ки ҳукумати кишвар бояд таъқиби ҷонибдорони ӯро як тараф гузошта аз пайи ҳалли мушкилоти марз шавад.
Дастафшонии Отамбоев аз тирезаи бинои КДАМ ба наздикон ва ҷонибдоронаш - навор ва акс
Ёдовар мешавем, ки собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев феълан дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад. Ӯро дар рӯзи дуюми даргирӣ миёни ҷонибдорони Отамбоев ва мақомоти амниятӣ дастгир намуданд ва алъон собиқ раисҷумҳур тибқи 14 моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон гумонбар дониста мешавад.