Садамаи нақлиётӣ дар дохили нақби "Озодӣ" як кушта ва як захмӣ барҷой гузошт

© Sputnik / Амир ИсаевТоннель Дусти, архивное фото
Тоннель Дусти, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як садамаи маргбори нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар дохили нақби "Озодӣ" рух додааст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба иттилои  Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодиса рӯзи 16 - уми сентябри соли равон, тахминан соати 08:30 дақиқа ба вуқӯъ пайвастаст.

Поезд столкнулся с автобусом у станции Шамалган (Чемолган) в Алматинской области - Sputnik Тоҷикистон
Ҷузъиёти бархӯрди қатора ба автобус бо 67 мусофир дар Қазоқистон - видео

Манбаъ меафзояд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Хонда-Серви", Махсумов, соли таваллудаш 1948, нафақахӯр, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар дохили нақби "Озодӣ", аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба қисмати қафои автомашинаи боркаши тамғаи "Камаз-55102", таҳти идораи Раҳмонов, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст. 

Пахши модару писар: кӯдаки 7-сола ба ҳалокат расиду модар дар бемористон бистарӣ шуд

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи "Хонда-Серви" Назарова Мастура Максимовна, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Кӯлоб, ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мусофири дигари автомашинаи мазкур Абдуллоев Изатулло Қудратович, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Пиёдагарди 33 - соларо нахуст "Скутер" ва сипас "Мерседес-Бенс"пахш кард

ВУД мегӯяд, феълан аз руйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0